Нашрияи Омӯзгор

Ҳикмати ниёгон

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон аз ҳар як омӯзгор, падару модар ва дар маҷмӯъ, аз аҳли ҷомеаи мо талаб мекунад, ки аз шеваҳои гуногуни таъсиррасонӣ истифода кунанд.

Дар ин роҳ яке аз муассиртарин воситаҳо ба омӯхтани таърихи миллат ҷалб кардани хонандагон аст. Агар мо моҳияти омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва инсониятро ба ояндасозони Ватан фаҳмонида тавонем, бисёр мушкилоти дар роҳи таълиму тарбия ҷойдошта осон хоҳанд шуд. Зеро рӯйдодҳои таърих хонандагонро ба андеша водор мекунад ва ҳисси худшиносии онҳоро бедор ва комил менамояд.

Хушбахтона, халқи соҳибтамаддуни тоҷик дорои ганҷинаи бузурги фазлу фарҳанг ва шоҳкитоби таърих аст.

Истиқлолияти давлатӣ ба омӯзиши ҷиддии таърихи халқи тоҷик заминаи мустаҳкам гузошт. Дар давоми 29 соли гузашта дар роҳи тарғиби таърих корҳои шоён анҷом дода шуд. Китоби гаронбаҳои Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров - «Тоҷикон» ба забонҳои бузурги дунё, аз қабили англисӣ, русӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва хитоӣ тарҷума шуд. Оламиён ба востиаи ин китоб бо таърих, тамаддун ва печу хами рӯзгори гузаштагони мо ошно шуданд.

Дар марҳилаи имрӯза мо бояд шеваи бархӯрдро бо таърихи миллат дигаргун кунем ва ҳар як ҳодисаи онро амиқ биомӯзем. Дар байни мардуми мо андешаи нодуруст ва бисёр сатҳие вуҷуд дорад; як гурӯҳ гумон мекунанд, ки таърих танҳо барои омӯзгорони ин фан ва муҳаққиқони таърихшинос аст. Ин андешаи ғалат сабаб шуд, ки аҳли ҷомеаи мо аз ҷавҳари таърихи миллат ва сабақҳои он кам баҳравар шаванд. Дар давоми таърихи дуру дарози халқи тоҷик асре нест, ки ниёгони мо дар олами илму ҳунар нодиракориҳо накарда бошанд. Барои мисол таърихи кандани корезҳоро бигирем. Халқҳои ҳамсоя дар заминаи таҷрибаҳои муҳандисони тоҷик каналу наҳрҳои нав канданд, корезҳои нав сохтанд.

Ҳафриёти кӯҳистони водии Зарафшон нишон дод, ки дар гузашта се намуди корез вуҷуд доштааст:

корез барои обҳои зеризаминӣ;

корез барои обҳои ҷорӣ бо қанотҳои полоишӣ;

корези чоҳҳои полоишии амудидошта.

Дар китоби «Таърихи халқи тоҷик», ки соли 1999 дар зери таҳрири академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Неъматов чоп шудааст, дар боби кандани корез маълумоти ҷолиб ҷой дорад. Гузаштагони мо пеш аз он ки дар ҷое корез кананд, чор корро анҷом медодаанд:

1) Таркиби хок, дараҷаи намнокии он замин, мавқеи ҷуғрофӣ ва олами рустаниҳои он маҳалро таҳқиқ мекардаанд. Пас аз ин озмоиши нахустин панҷ давраи дигари санҷиш гузаронида мешудааст. Шунидану хондани ин тарзи кор ҳар як шахси соҳибзавқ, хусусан, наврасонро ба ваҷд меорад.

Азбаски мо дар асри инқилоби техникӣ зиндагонӣ мекунем, шояд барои кандани корезҳо ҳоҷат набошад, вале донистани таърихи он тасаввуроти моро нисбат ба ҷаҳонбинӣ, дақиқкорӣ ва дурандешии гузаштагонамон комил мекунад.

Чунин далелҳои ҷолиб дар таърихи халқи созандаи мо ниҳоят зиёданд. Имрӯз вақти он аст, ки мо онҳоро хуб омӯхта, ба шогирдонамон биомӯзонем. Миллат танҳо дар заминаи омӯзиши таърихи хеш худшинос ва ватанпараст хоҳад шуд.

 

Хуршеда СОЛЕҲОВА,

омӯзгори литсейи инноватсионии «Душанбе»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш