Нашрияи Омӯзгор

Паёми маърифатомӯз

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Ҳамаи мо  шоҳиди он  ҳастем, ки аз як Паём  то Паёми дигар чӣ гуна тағйироти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар кишварамон ба вуқӯъ мепайвандад.

Дар ҳамаи Паёмҳояшон Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  қатори дигар  соҳаҳои  пешрафти ҳаёти мардуми  кишварамон ба соҳаи маориф ва маърифатнок  шудани  аҳолии  кишварамон диққати хоса дода, дар Паёми имсолаашон низ иброз намуданд: «Дар марҳилаи кунунии пешрафти  Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими  пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши  калидӣ  мебозанд».

Чи хеле  ки дар дигар суханрониҳоя-шон борҳо таъкид  намудаанд: «Давлатро мутахассис обод мекунад». Тайёр намудани мутахассиси рақобатпазир дар бозори меҳнат вазифаи ҳар як  омӯзгор мебошад. Аз ин лиҳоз, минбаъд ва дар оянда низ, дар назди мо, омӯзгорон, вазифаи  басо муҳим – тайёр намудани мутахассисоне, ки оянда  мамлакатамонро боз ҳам ободу пешрафта карда тавонанд, меистад.

Чунин андеша мо - омӯзгоронро бо дасту дилу нияти пок кору фаъолият намудан водор месозад.

Ғамхориҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва хоса омӯзгорон назир надорад. Мутаассифона, ҳоло ҳам  шахсони тасодуфӣ дар ин пешаи муқаддас фаъолият менамоянд, ки ин боиси косташавии обрӯи омӯзгор дар ҷомае мегардад. Баъзе  роҳбарони муассисаҳои таълимӣ низ ба ин тарафи масъала кам аҳамият медиҳанд.Дар хоста гирифтани мутахассисон ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд.

Мутахассиси хубро омӯзгори хуб тарбия мекунад.Аз ин лиҳоз, шахсоне бояд ба пешаи  омӯзгорӣ  машғул  шаванд, ки пеш аз ҳама, онҳо ин касбро дӯст доранд,ҷаҳонбинии васеи илмӣ дошта бошанд, эҷодкор бошанд, барои  баланд бардоштани  савияи  дониши касбии худ пайваста омӯзанд, нависанд ва эҷод кунанд. Нутқи бофасоҳату боназокат дошта бошанд. Бо забони адабии тоҷикӣ хуб сухан гуфта тавонанд.

Яке аз рукнҳои асосии пойдории миллат забони он аст. Чунон ки Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштаву баргашта таъкид менамоянд, мо,  соҳибзабонон, бояд  ҳомии  забони модариамон бошем. Пойдории миллати тоҷик ва тамаддунофару  қадимӣ будани онро, пеш аз ҳама, дар бузургиву умри дароз доштани забони он медонанд.Аз ин лиҳоз, дар дили  насли наврас бедор кардани муҳаббату дӯстдорӣ нисбат ба ин муқаддасот кори ҳаррӯза ва ҷонии ҳар як омӯзгор аст. Мо, омӯзгорон, вазифадорем,ки эҳтирому муҳаббат доштани насли  наврасро нисбат ба забони модарии худ дар дили онҳо парварем.Барои  ин, пеш аз ҳама, мо худамон бояд забондони хуб бошем.Мероси  гузаштагонамонро хуб донем, аз таърихи  таҳаввули забонамон огаҳӣ дошта бошем. Аз арзишҳои милливу фарҳангии аҷдодонамон бохабар бошем. Бо мисолҳои возеҳу равшан  муҳаббати шогирдонро нисбат ба забони модариамон бедор карда тавонем.

Яке аз воситаҳои асосии саводнок намудани насли  наврас китоб аст.Худ шоҳиди ҳол ҳастем, ки  озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар саросари ҷумҳурӣ доир  гардид ва дар  сатҳи баланд ҷамъбаст шуд. Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон аз озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ёдовар шуда,  таъкид намуданд:

«… Ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ва ҷиҳати ҳавасмандсозии  ғолибон аз мактаб  сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад».

Мо бояд дар фаъолияти  рӯзмарраамон ба гузаштани дарсҳо маҳдуд нашуда, ҳам худамон ба мутолиаи асарҳои бадеӣ машғул шавему ҳам ба таври мушаххас аз  шогирдон талаб намоем, ақаллан моҳе  як китоби бадеӣ  мутолиа намоянд. Натиҷаи онро дар соатҳои тарбиявӣ баррасӣ намоем. Дар муассисаҳои таълимӣ ба таври доимӣ  озмуни «Китобхони беҳтарин»- ро  роҳандозӣ намудан ба мақсад мувофиқ аст. Дигар роҳу воситаҳои мухталифро мавриди истифода  қарор диҳем, то мутолиаи асарҳои бадеӣ машғулияти ҳаррӯзаи шогирдонамон гардад. Барои ин, пеш аз ҳама, мо худамон  бояд намунаи ибрат бошем. Озмуни «Китобхони беҳтарин» - ро  дар байни омӯзгорон гузаронем. Ба шогирдон иҷозат диҳем, то иштирокчии озмуни устодони худ бошанд. Ин, албатта, аз манфиати холӣ нахоҳад буд.

Фикр мекунам, дар тарғиби китоб нақши китобхонаҳо бояд назаррас  бошад. Вазифаи китобдорон ва ходимони  китобхонаҳо, бахусус, дар  деҳот, танҳо аз тақсими китобҳо иборат  набуда, минбаъд китобхонаҳоро ба манбаи чорабиниҳои фарҳангӣ бояд табдил диҳанд. Шабнишинӣ ва вохӯриҳо ташкил намоянд. Озмуни «Китобхон» беҳтаринро бояд муттасил ташкил намуд. Хулоса, дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.

А.Раҳимов,

мудири кафедраи адабиёти тоҷики

коллеҷи омӯзгории ДДК

ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш