Нашрияи Омӯзгор

Робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Дар Маркази омӯзиши Аврупоии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вебинар-онлайн лексия барои донишҷӯёни ихтисоси иқтисоди ҷаҳонӣ баргузор гардид. Мавзӯи вебинар “Вазъи кунунии иқтисодиёти Амрико” буда, аз ҷониби сармуаллими Донишгоҳи давлатии Метрополитен дар шаҳри Денвери ИМА, хатмкардаи ДДҲБСТ Азиз Ваҳҳобов бо истифодаи барномаи Zoom ташкил карда шуд. Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Даврон Бобоҷонов аз номи раёсати донишгоҳ, кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ ва ташкилкунандагони чорабинии мазкур - шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба Азиз Ваҳҳобов арзи сипос кард.

Дар рафти онлайн-вебинар масъалаҳои буҳронии ҷаҳони муосир ва таъсири он ба иқтисодиёти ИМА баррасӣ гардиданд.

Дар толори Маркази омӯзиши Аврупоии ДДҲБСТ вебинар аз ҷониби ташкилоти Антиплагиати Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мудир ва намояндагони раёсати илм ва инноватсия, намояндагони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, мудири шуъбаи магистратура, магистрантон ва докторантони ДДҲБСТ ширкат варзиданд. Ҳадафи гузаронидани чорабинии мазкур шинос намудани роҳбарони илмӣ, докторантон ва магистрантон бо навигариҳо дар самти баланд бардоштани сифати омода намудани рисолаҳои илмӣ мебошад.

Ҳамзамон, дар толори шӯрои олимони ДДҲБСТ устодони донишгоҳ дар ВЭБ-конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи барномаҳо ва технологияҳои нави таҳсилот”, ки аз ҷониби Донишгоҳи энергетика ва коммуникатсияи Алмаато ташкил карда шуда буд, ширкат варзиданд.

Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин онлайн-вебинарҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва пайдо намудани робита бо мутахассисони баландпояи хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш