Нашрияи Омӯзгор

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем!

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 747        Шарҳ: 0

То кай нори ҷанг сӯзонад ҷаҳон?!

То кай ғарқи хун ҷисми кӯдакон?!

Терроризм ва экстремизм равандҳои номатлубеанд, ки имрӯзҳо тамоми аҳли башарро дар ташвиш гузоштаанд. Онҳо вабои асранд. Ҳамарӯза, ҳам аз тариқи нашрияҳо ва ҳам аз садою симо ва шабакаҳои интернетӣ аз нохушиҳою нооромиҳое огаҳӣ пайдо мекунем, ки аксаран маҳз ба ҳамин вабои аср алоқамандӣ доранд.

4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», баргузор гардида буд, ки дар кори он намояндагони зиёда аз 50 давлати дунё иштирок доштанд. Дар кори ин конфронс масъалаҳои доғи рӯз-терроризм ва ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Бори дигар аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, дар амнияти давлат ва ҷомеа нақшгузор бошанд.

Дар кори конфронс намояндагони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои зиёди дунё (аз ҷумла, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков ва Дабири кулли Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Томас Гремингер) иштирок ва баромад намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин конфронси бонуфуз иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.

Тамоми давлатҳои олам андеша ва нигаронӣ аз он доранд, ки дар кишварҳояшон гурӯҳҳои ифротгароӣ - террористӣ пайдо шуда, боиси нооромии кишвар ва мардум мегарданд.

Бояд гуфт шахсоне, ки ба амалҳои ношоиста - ифротгароӣ ва терроризм даст мезананд, аслан маърифати паст, дониши маҳдуд доранд, ҷаҳонбиниашон танг аст. Маҳз нафароне, ки дину имон надоранд, пайваста дар фикри корҳои ношоям, нооромии ҷомеа ва ҷангу ҷидол мебошанд.

Пешвои миллатамон пайваста қайд менамоянд, ки «Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад».

Дар натиҷаи нооромиҳое, ки аз тарафи ин гурӯҳҳои ҷоҳил ба амал меоянд, мардуми зиёде бехонумон мегарданд. Хунрезиҳо ба амал меоянд. Мутаассифона, дар байни зарардидагон шумораи занон ва кӯдакон зиёд ба назар мерасанд. Маҳз ҳамин масъала дар маърӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси сатҳи баланд мавқеи калидӣ дошт.

Сарвари кишвари мо зикр намуданд, ки: «Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад.

Танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд. 32 фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд».

Баргузории чунин як конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе, аз як тараф, агар Тоҷикистонро ҳамчун пешоҳанги мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳон муаррифӣ намояд, аз тарафи дигар, ҳар як фарди бофарҳанг, бонангу баномус ва ватандӯстро бори дигар водор мекунад, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, кӯшиш ба харҷ диҳад, ки дар амнияти кишвар ҳиссагузор бошад. Мо, ҳамагон, бояд гӯш ба ҳикмати ниёгон бидиҳем, ки гуфтаанд:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

 

Фаридуни Абдулвоҳиди ОЙЗОДА,

Шарифамоҳ АҲМАДОВА,

омӯзгорони мактаби №97-и ноҳияи Сино ба номи профессор

Абдулҳақ Оев


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш