Устоди зиндаёд Алиҷон Бойматов тамоми ҳастии хешро ба фаъолият дар факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшидааст. Дар тӯли умри бобаракати худ вай ба ҷавонони зиёде дарси ибрату мардонагӣ, ростгӯиву ростқавлӣ ва матиниродагиро омӯхтааст.
Алиҷон Бойматов пас аз хатми факултаи забонҳои хориҷии ИДПЛ ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) ба факултаи мазкур ба кор қабул гардид. Ӯ то соли 1977 ба ҳайси омӯзгори кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ фаъолият намуд. Баъд аз ин шаш соли дигар ҳамчун сармуаллим дар факултаи забонҳои хориҷӣ адои вазифа кард. Соли 1995 дар Донишгоҳи Чикагои ИМА коромӯзӣ намудааст. Минбаъд ба сифати мудири кафед-раи услубшиносӣ ва тарҷума, сипас, солҳои 1999-2007 мудири кафедраи ихтисоси II ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ кор кардааст. Дотсент Алиҷон Бойматов ҳанӯз соли 1991 барои гузоштани саҳми беандоза дар таълиму тарбияи соҳибкасбони баландихтисос бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” сарфароз гардонда шудааст. Соли 1993 рисолаи номзадии худро бомуваффақият дифоъ намуд.
Таълифоти зиёдаш баёнгари саҳми назарраси ӯ дар ҷодаи илму таълими кишвар маҳсуб меёбад. Устод дар давоми солҳои 2007-2017 бештар аз 70 асару мақолаи илмӣ ва китобҳои дарсиву дастурҳои таълимӣ навиштааст, ки аз ҷиҳати мундариҷаву муҳтаво ва мубрамияташон дар сатҳи баланд қарор доранд. Соли 2009 аз ҷониби ӯ ва профессор К.Усмонов нахустин китоби дарсӣ дар ҷумҳурӣ таҳти унвони “Методикаи таълими забони англисӣ” таълиф шуд, ки он аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чун китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаи забонҳои хориҷии донишгоҳҳои омӯзгории кишвар тавсия гаштааст. Ҳамчунин, дотсент А. Бойматов дар ҳаммуаллифӣ бо профессор М.Абдуллоева китоби дарсии “Забони англисӣ” барои донишҷӯёни курси якуми факултаи забонҳои хориҷиро таҳия кардааст.
Ӯ аз оғози фаъолият то охири умр бо олимони забардасти ватаниву хориҷӣ робитаву ҳамкориҳои мустаҳками илмӣ дошт.
А. Бойматов дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии шаҳри Киев (1974), Донишгоҳи давлатии педагогии Москва ба номи В.И. Ленин (1978), Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳонии Тошканд (1985), Донишгоҳи давлатии педагогии Санкт-Петербург (1988) такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ намудааст.
Саҳми дотсент А.Бойматов дар тарбияи кадрҳои ҷавон хеле бузург аст.
Афсӯс, ки 4-уми марти соли 2020 устод аз байни мо рафт. Реҳлати устоди гиромиқадр мо-дӯстону ҳамкорону шогирдонашро дилгиру ғамгин намуд.
Ёдат ба хайр, устоди азиз!
М.Абдуллоева,
декани факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, доктори илми педагогӣ, профессор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр