Нашрияи Омӯзгор

Манбаи нуру зиё

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

То синфи чорум таҳсили ибтидоиро дар ду макон – деҳаи Кавраклӣ (ҳоло Нурбахш) ва рустои зебоманзари Алиҷони ноҳияи Данғара пушти сар намудам. Ҳини таҳсил дар синфҳои 1 ва 2 аз муаллим Тағоев ҳарфу ҳиҷоҳои аввалро андӯхтам. Пас аз даргузашти модарам моро тағоии Алихон дар ҳавлии хеш сарпаноҳ дод ва хонданро дар мактаби миёнаи №24, ба номи Карл Маркс идома бахшида, ду сол аз муаллим Ҳалим Муҳаммадиев таълим гирифтам.

Аз он давра панҷоҳу се сол сипарӣ гашта бошад ҳам, ин омӯзгори ғамхор, ҳушманду донишмандро аз ёд набурдаам. Ҷавонмарди миёнақади хушахлоқу шӯх ва баодобе буд. Абрувони пайвастаи қиргун, мӯйи ғулии мошубиринҷ ва чашмони нилӣ ба ӯ мезебид. Ба номаш мувофиқ шахсе ҳалиму хоксор буд, нисбат ба шогирдон муносибати хуб дошт. Хонандагон низ муаллимро нағз медиданду эҳтиромашро мекарданд.

Зарғовак

Дар хурдсолиям аҳли хонавода маро Зардак ном мебурданд. Ин тахаллусро бузургтағоям Нурхон – раис бароям муносиб дидаанд. Ҳол он ки худашон маро Муҳаммадумарбой (ба хотири бобокалонам) ном монда буданд. Аммо боз ҳам ба эҳтироми ҷадди хеш Зардак унвон мегирифтанд. Ба иқрори модарам, дар тифлӣ, воқеан ҳам, зардак будаам.

Аз синфи сеюм танҳо муаллими Ҳалим маро Зарғовак ном мебурду бас. Боре ҳам ҷӯё нагаштам, ки зарғовакаш чист.  Боре ҳам аз пушти ин гап нагаштаам, зеро устодро чун бародари худ медонистам.

Он овон муаллимони деҳ байни мардум соҳиби мартабаи баланд буданд, аз хурд то бузург ба эшон эҳтиром мегузоштанд. Дар деҳот муаллимро аз аҳли хонавода меҳисобиданд. Аз падар дида, эҳтиром ба муаллим бештар буд.

Ҳусни хат

Аз хурдӣ хушнавис будам. Муаллими Ҳалим дафтари маро аз фанни математика барои ҳусни хати зебо, тозагӣ, ҳалли дурусти масъалаҳо ва баҳои хубу аъло доштанаш, дар «Гӯшаи синфӣ» овехта буд. Ва ҳар доим ба бачаҳо гӯшзад мекард: «Аз Умаралӣ ибрат бигиред, хуб хонед, тозаву хушрӯ нависед».

Аз он замон ҳусни хатам чандин бор дигар шудаву такмил ёфта бошад ҳам, тавсифҳои муаллими Ҳалимро хуб дар хотир дорам. Аз панду насиҳат ва маслиҳатҳояш баҳра бурдаам.

Падарам низ бо муаллими Ҳалим муносибати дӯстона дош-танд.

Турнақатор

Бо поён ёфтани дарсҳо, нимрӯзӣ муаллими Ҳалим пешопешу талабаҳо хандазанону бозикунон, турнақатор аз пушташ равон мешуданд. Шогирдон пас аз дарс ҳам аз муаллим дил канда наметавонистанд. Дар чорроҳаи байни деҳа, наздикии ҳавлии муаллим Назар Карим талабаҳо «хайр, муаллим» - гӯён мисли парончакҳо ба чор сӯ пароканда мешуданд.

Муаллим гоҳҳо ба тахмин сад метр болотарак, то поёни «Лаби об», қарибии чашмаи деҳа, ба хонаи бародари бузургаш Каҷала Муҳаммадиев мерафт. Мо, ки дар саргаҳи деҳа мезистем, муаллимро ҳамроҳӣ мекардем. Ҷиянаш Қодири хурдсол назди дарвоза мудом чун қаровули фахрӣ рост меис-тод. Қанди сафеде дар даҳон (нисфаш дар беруни даҳан) макида, бо абрувони гирифта роҳгузаронро назорат мебурд.

Қоидаи нонавишта

Муаллими Ҳалимро сокинони Ҷамоати деҳоти Пушинг чун омӯзгори ҳушманд мешинохтанд. Эҳсос мешуд, ки аз дигар ҳампешаҳо ӯ бештар меомӯзад, дониш меафзояд.

Он айём муаллимони соҳибзавқ моҳе се ё чаҳор дафъа шабонгаҳ ба «шикор» мебаромаданд. Омӯзгорон (на ҳама, албатта) шабонгаҳ пайи назорати талабаҳояшон дар деҳа, ба гуфти худ, «сайл» мезаданд. Назорат мебурданд, ки кадоме дарс тайёр мекунаду кӣ хоб аст. Чунин амали омӯзгоронро қаблан дар деҳаи Кавраклӣ (Нурбахш) низ дида будем.

Аз рӯи раҳ, аз сари кӯча, аз пушти тиреза, аз болои теппа ва ё баландие дилхоҳ хона – ҳавлиро назора бурдан дар кӯҳистон мушкилие надорад. Аз рӯи рӯшании чароғ аён мегашт, ки дар кадом хона чӣ гап аст. Тирезаҳо парда надоштанд, ин одат солҳо пас, оҳиста – оҳиста ба ҳукми анъана даромад. Баъдан хонаҳо мисли имрӯза деворҳои 1,5 – 2 метра надоштанд. Танҳо қисме аз ҳавлиҳо барои ҳифзи полизҳо аз чорпоён ҳавлиашонро шиғ мебастанду бас. Дари хонаҳо қулф надоштанд.

Ногуфта намонад, ки омӯзгорон таҳқиқи худро тарзе роҳандозӣ менамуданд, ки касе озор намедид. Муаллими Ҳалим аҳёнан аз хонаи ягон талабааш боздид ба амал меовард. Рӯзи дигар ӯ дидаву назорати хешро бо ҳазлу шӯхӣ қисса мекард. Масаломез ё бо шӯхӣ мегуфт, ки фалонӣ дишаб аз намози шом хоби мастона рафтаасту хурроккашияшро дар лаби чашма шунидаанд. Нақли муаллим талабаҳоро ба ваҷд меовард, «гунаҳкор» ба мисли кадулафкак (таъбири бачаҳои деҳот) сурх мешуду ба қавле, замин намекафид, ки дарояд. Ба гуфти пири муаллимони деҳа шодравон Борон Сайфов, муаллими Ҳалим манбаи нуру зиёро мемонд.

Таҳқиқ

Рӯзе дар саргаҳи чорраҳаи деҳа ҳамсинфам Маҳмуд Каримро хушҳол дарёфтам. Ӯ аз ман пурсид:

- Умаралӣ, бегаҳ муаллими Ҳалимро надидӣ?

- Не, чӣ буд?

- Падарам (амаки Мухтори сарҳадӣ) муаллимро сари роҳ дида, ба неву нестонаш намонда меҳмон гирифтанд. Дарс тайёр мекардам. Муаллим ин ҳамаро дида хурсанд шуданд. Кампири очам аз таҳи чахдеги (хурмаи) анҷомхона дар як нафас қайлаи гӯсфандиро бо се – чор пиёзи сурхи чашмаи Ҳибил зирбонда, дар як табақи калон пеши меҳмони иззатманд оварданд. Сари дастархон дам ба дарун чой мегардондам. Қайлаи гӯсфандӣ, чойи сабз бо оби чашмаи Алиҷон табъи меҳмонро чоқ кард.

- Ягон сағал ба ту ҳам расидагист?

- Табаррукӣ шуд, табаррукӣ, ҷӯра. Ана, баъд дар гӯшаи ҳуҷра аз пайи дарстайёркунӣ шудам. Аммо бо қираи чашм хомӯш ба муколамаи эшон гӯш  медодам…

Муаллими Ҳалим назди падар маро хуб таъриф карданд. Дар омади гап, туро низ тавсиф намуданд: «Дар синфи мо Маҳмуд ва Умаралӣ аълохонанд. Дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд. Агар ҳамин хел хонданро идома диҳанд, одамҳои зӯр мешаванд…».

- Ҳай, мебофӣ, да!

- Рӯи дурӯғгӯ қурут. Ана, баъд гуфтанд, мо шикорчӣ мардум аз шабгардӣ дил канда наметавонем. Медонам, писаратон доимо ба дарсҳо бо тайёрии хуб меояд... Ҳар бори аз болои хонаи акаи Алихони магазинчӣ даргузар шуданам мебинам, ки Умаралӣ дар пешаш лампаи (чароғи) керосинӣ китоб мехонад. Писари устои мирӣ (падари инҷониб) сарфи назар аз синну сол узви фаъоли китобхонаи мактаб гаштааст…

Муаллимро гуселондем. Дар дили шаб, дар рӯшании моҳ  дидам, ки падарам табассум доранд. Эҳсос намудам, ки аз суханҳои муаллими Ҳалим хурсанд шудаанд, аммо сир бой надоданд, - нақлашро хотима бахшид Маҳмуд...

Ҳоло ҳам панди зиндаёд, роҳбари синф, муаллими деҳаамон Ҳалим Муҳаммадиев дар гӯшам садо медиҳад: «Умаралӣ, ҳар чӣ бештар китоб хон, ки муфидтарин ихтирои башар китоб аст». 

 

Умари ШЕРХОН


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш