Нашрияи Омӯзгор

Илоҷи воқеа - пеш аз вуқӯъ

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Солҳои охир аз чӣ сабаб дар раванди тарбияи наслҳо латма ворид шуд? Чаро баъзе ҷавонони мо шомили ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ё озими ҷабҳаи террористии Сурия шуданд? Ба номи худ, Ватан, модар, наздикон, зану фарзандон доғ оварданд? Ба онҳо чӣ намерасид?!

Ин ҷо  нахуст   нақши касодии тарбияи хонаводагӣ дар мадди аввал меистад. Чун падарони мардикормуштоқ солҳои сол сари худро ба муҳоҷират заданд, бар болои заҳмати сангини бори рӯзгор рисолати тарбияи фарзандон ба дӯши модарони бечора бор шуд. Онҳо, маълум, ки ин рисолатро ба ҷо оварда натавонистанд ва наметавонад. Ба ин кор ё вақташон нарасид, ё бепарвоӣ зоҳир намуданд, ё ба ин гавҳари зиндагӣ, ки тарбия ном дорад, эътибор надоданд. Ин ҷо ҷисму мафкураи фарзандон аз кӯраи эътибори падарон дур монду путки зиндагӣ рӯйи сандон оҳанҳои сарду хомро путккорӣ намуда, ба ҷамъият дод.

Сониян, иштибоҳҳои солҳои 90-ум акнун аз самараи хеш дарак медиҳанд. Ин ҷо ҳикояте ба хотирам мерасад: “Тарроре шабона дари масҷид медуздид. Арраи ӯ овоз надошт. Марде иттифоқо он ҷо пайдо шуда, муддате ба ҳаракатҳои дузд зеҳн монду баъд пурсид:

- Аҷоиб, оё арраи шумо овоз надорад?

Дузд ба рӯйи марди ҳайрон нигоҳ карда лабханд зад ва чунин ҷавоб  дод:

- Чаро надорад, албатта, дорад! Фақат овози арраи ман субҳидам, вақти намози бомдод мебарояд”.

Ба ин монанд овози арраю тешае, ки солҳои 90-ум аз нофаҳмӣ ва иғво ба решаи миллат зада будем, акнун баромада  истодааст. Ҳамон солҳо бисёр духтарон бо сабабҳои маълум дар зинаи сеюми мактаб таҳсил накарда буданд. Имрӯз фарзандони онҳо, ки худ саводи кофӣ надоранд, магар аз гавҳари тарбия бархӯрдоранд? Албатта, не! Мутмаинам, ки модари бедониш ҳеҷ гоҳу дар ҳеҷ маврид дар доман тифли сазовор парварида наметавонад. Алломае гуфтааст: “Бесаводии мард гуноҳу хатою азоби худи ӯст, вале бесаводии зан бесаводии миллат аст”.

Торҳои анкабути воситаҳои иттилоотӣ, бесамару ғайримақсаднок истифода бурдани онҳо, хусусан, телефони мобилию интернет, сомонаҳои хориҷӣ мағзҳои насли наврасро хушку андешаашонро тира месозад. Бидуни андешаи оқибатҳои амали хеш падарони мардикор аз муҳоҷират, «туҳфаи мо - қаланфур» гуфтагӣ барин, ба фарзандон бо пайдо намудани имконияти аввалин телефони қиматбаҳо мефирис-танд. Боре аз рӯйи ақли солим андеша намекунанд, ки ин амалашон ба решаи бе ин ҳам касоди тарбияи хонаводагӣ зарбаи марговар ворид месозад. Фарзандон аз лаҳзае, ки телефони қиматбаҳоро ба даст оварданд, дигар аз баҳри ҳама чизи дунё мебароянд, зеро ҳамин телефон ба онҳо дунё аст. Шаб ҳам, рӯз ҳам ин ашё дар дасти онҳост. Ба ҷуз бесаводӣ, бераҳмию бефарқию беорӣ, боз садҳо маризӣ ба ҷисми кучаки насли наврас ворид месозад. Ба қимати як телефони мобилӣ, охир, даҳҳо китоби бадеӣ, асбобу ашёи хониш, либоси ягонаи мактабӣ харидан мумкин аст.

Орзу инсонро бузург месозаду сӯйи кашфи қуллаҳои нав мекашад. Бигзор, ба наврасону тифлон гавҳари тарбият дода, ба онҳо талқин намоем, то ҳақиқати зиндагиро худ кофта, дарк ва пайдо намоянд. Хостаҳояшонро зуду бечуну чаро амалию муҳайё насозем. Ҳар рӯз аз хирмани тарбияи аҷдодӣ донае дар ниҳоди онҳо корем, то сабз шаваду самар орад. Ҳар қадаре ки хостаҳои дили кӯдакро, наврасро муҳайё кунем, ӯ ҳамон қадар бепарвотару дилсангтару бераҳмтар мегардад.

 

Исматуллоҳи Абдуллоҳ,

узви ИЖТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш