Нашрияи Омӯзгор

Чун мураббӣ шуд падар, фарзанд қобил мешавад

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Шурӯъ аз моҳи январи соли 2020 то ҳол ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиии №7-и деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич ба маблағи  43 ҳазору 310 сомонӣ лавозимоти хониш туҳфа гардид. Ҳоло дар ин замина, иловатан 2 телевизор, 12 компютер, 12 миз, 24 курсӣ ва барои ҳуҷраҳои география, таърих, информатика асбобҳои аёнӣ дар хидмати шогирдону омӯзгорон қарор гирифтанд.

Ин ҳама асбобу анҷоми  судманду зарурии таълимӣ туҳфаи  писарон  ва додари  омӯзгори  асил  Рустамҷон  Ҳасанов  аст. Бесабаб мардум фарзандро давоми умри одам намегӯянд. Дар ҳақиқат, агар кас фарзандонашро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, саховатпешагӣ ва бо одобу ахлоқи ҳамида ба воя расонад, самараи некашро хоҳад дид.

Ин, ба масал, ниҳоли босамар сабзондан аст, ки баъди сари боғбон низ ба мева додану фоида овардан идома медиҳад ва аз мардуми баҳраманд дуои хайру сипос мерасад. Шодравон  Рустамҷон  Ҳасанов аз зумраи чунин боғбонони чирадаст буду имрӯз фарзандонаш чун дарахтони боровар ҳоҷатбарори мардуманд.

Мавсуф ба маънои томи сухан омӯзгор буд. Чун дар мактабу дар соҳати маориф дар рӯзгори муқаррарӣ низ омӯзгор монд. Инро аз таълиму тарбияи неки фарзандонаш метавон ба мушоҳида гирифт. Фарзандони қобили устод панду насиҳати падарро ба гӯш гирифтаву илму хиради ӯро омӯхта, сармашқи зиндагии хеш кардаанд. Ба қавли шайх Саъдӣ:

Мероси падар хоҳӣ, илми

падар омӯз,

К-ин моли падар харҷ тавон

кард ба ду рӯз.

Дар тамоми давраи фаъолияти самарбораш устод Р.Ҳасанов ҳамеша ёрирасону маслиҳатгару раҳнамои омӯзгорон буд ва бо истифода аз сарчашмаҳои гуногун ба ободии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиии №7-и ноҳияи Деваштич мекӯшид. Соле набуд, ки аз ҳисоби устод ба муассиса компютер, принтер, бастаҳои бешумори коғазҳои сафед ва дигар ашёи зарурии хониш тақдим нагардад.

Устод корҳои ободониро ҳам дар замони роҳбари муассиса буданаш ва ҳам дар солҳои ба сифати омӯзгори одӣ кор карданаш идома дод, дар замони нафақахӯр буданаш низ. Мавсуф корҳои хайрро бидуни ғараз, ба хотири он мекард, ки ҳар гӯшаи Ватани азиз обод бошад, тарафдори фикре буд, ки ободии диёр аз ободии зодгоҳ оғоз мешавад.

Табиатан  марди маорифпарвару маърифатгустар буд ӯ. Пайваста таъкид мекард, ки мактаб боргаҳи хирад аст ва бар он бояд бикӯшид, ки ин  рисолати волояшро дар сатҳи баланду дилписанд, бомарому бардавом иҷро намояд. Ҷиддан назорат мебурд ва худ ҳам мусоидат бар он мекард, ки  таълимгоҳ мудом тозаю озода ва ороста бошад. Дӯст медошт, ки волидайни хонандагонро, ашхоси солманду таҷрибадидаи деҳаро зуд-зуд ба мактаб даъват намояд, бо онҳо оид ба таълиму тарбияи фарзандон, каму костиҳои дабистону деҳа маслиҳату машварат бикунад.

Мегуфт, ки мактаб дили деҳа аст, солимии маънавии кулли  бошандагони маҳалла аз ин маърифатгоҳ вобастагии ногусастанӣ дорад. Муаллимонро даъват мекард, ки ҳар чӣ бештар бо аҳли деҳа дар иртибот бошанд, маъракаҳои деҳаро роҳбарӣ намоянд ва эътиқоду эътимоди аҳолиро ба даст оранд. «Солимии ҳар оила ба солимии ҷараёни таълиму тарбия мусоидатгар хоҳад буд»,-батакрор таъкид мекард раҳматӣ. Ва меафзуд: «Аз ин рӯ, бояд бикӯшем, ки волидон ҳамбастагии ҳамешагӣ бо хираду маърифат дошта бошанд, аз лиҳози меҳру садоқат устувор бошанд, нисбат ба тақдири фарзандон, таҳсили онҳо дар мактаб бепарво набошанд». Сермутолиа буд устод Р.Ҳасанов. Ҳамеша китобе бо худ дошт ва махсусан, варақгардонии рӯзномаву маҷаллаҳоро меписандиду нуктаҳои барояш мақбули баъзе мақолаҳоро дар дафтари кисагиаш мухтасаран ёддошт мекард…

Алғараз, хислатҳои ҳамидаи зиёде дошт устод ва ибораи «инсони комил» гӯиё офаридаи кадом соҳибдиле махсус барои ӯ буд. Баъди даргузашти Рустамҷон  Ҳасанов иқдомоти неки падарро  фарзандон  ва додараш чандест, ки пайгирона идома бахшида, рӯҳи падари бузургворро шод мекунанд. Маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Басманда сипосмандии худро ба аҳли оилаи Ҳасановҳо ва пайвандони эшон  мерасонад, зеро онҳо, ҳақиқатан ҳам, вориси содиқу босаховати қиблагоҳи шарафманди хешанд. Панду насиҳати неки падарро ҳалқаи гӯш кардаанд, бо шоҳроҳи маънавии ӯ равонаанд ва яқин, аз ин андарзи барҳақ нек огаҳӣ доранд:

Номи неки рафтагон зоеъ

макун,

То бимонад номи некат

пойдор.

 

Умар  ҚУРБОНОВ,

директори  мактаби № 7, деҳаи Басмандаи

ноҳияи Деваштич


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш