Нашрияи Омӯзгор

Сарсухани хатми рисолаи бакалавриро донистан мехоҳам

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 840        Шарҳ: 0

 

Салом  «Омӯзгор» - и азиз! Банда омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбии шаҳри Бохтар мебошам. Мехостам донам, ки сарсухани рисолаи хатми бакалаврӣ, ки аз қисматҳои муайян иборат аст, дар кадом санади тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф пешбинӣ гардидааст? Агар имкон бошад, чанд марҳалаи онро низ тавзеҳ диҳед. 

Сиёвуш АБДУРАҲИМОВ,

шаҳри Бохтар

Рисолаи хатм дар зинаи бакалавриат шакли олии фаъолияти илмӣ - тадқиқотӣ ва таълимию методии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад. Навиштани рисолаи хатм мувофиқи талаботи нақшаи таълимӣ барои ҳар як донишҷӯ ё хатмкунандаи муассисаи таълимӣ новобаста аз ихтисос ҳатмӣ мебошад.  Тартиби иҷрои кори дипломии бакалавр дар бандҳои 41 ва 42, боби 8-и Низомномаи бакалавриат (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, №650) оварда шудааст.

Бояд хотирнишон сохт, ки бо тасдиқ гардидани мавзӯъ ва таъйин шудани роҳбари илмӣ донишҷӯ вазифадор аст, ки:

 реҷаи кори худро бо роҳбари илмӣ мувофиқа намояд; нақшаи кории таҳияи рисоларо бо роҳбари илмӣ тартиб дода, иҷрои онро дар муҳлатҳои таъйиншуда таъмин созад; зимни иншои рисолаи хатм талаботи бобҳо, фаслу зерфаслҳои онро риоя намояд; адабиёти илмӣ, таълимӣ ва методии марбут ба корро мутолиа намуда, фикрҳои асосии муаллифонро барои тақвияти нуқтаи назари худ иқтибос кунад ва бо ақидаи дигар муаллифон оқилона муқоиса намояд; техникаи таҳия ва ҷо ба ҷогузории  адабиётро тибқи алифбо ва меъёрҳои аломатҳои китобатӣ риоя кунад; тавсияҳои роҳбари илмиро барои беҳтар гардидани сифати рисола, риояи талаботи техникӣ, ороиш, ҳаҷм, мазмун ва мундариҷа, истифодаи методҳои тадқиқ, усули иншои муқаддима, хулоса ва феҳристи адабиёт ва дигар корҳоро ба инобат гирад.

Рисолаи хатм аз марҳалаҳои алоҳида иборат буда, байни ҳар як марҳалаи тадқиқотӣ робитаи зич мавҷуд аст ва фатҳи марҳалаҳо аз донишҷӯ ҳисси баланди масъулиятшиносиро тақозо менамояд.

Ҳар як марҳала идомаи мантиқии марҳалаи пешина мебошад. Ҳиссаи асосӣ ва аксари иҷрои супоришот бевосита ба зиммаи муаллиф қарор дошта, роҳбари илмӣ ба ҳайси маслиҳатгар дар таҳияи кор саҳм мегирад. Мудири кафедраи дахлдор вазифаи нозириро бар уҳда дошта, аз болои рафти иҷрои нақша ва паймудани марҳалаҳои зикрёфта назорат мебарад. Дифои муваффақонаи рисола ва сифати иҷрои он таҳсили минбаъдаи муаллифро дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилоти магистратура ва докторантура (PhD) аз рӯйи ихтисос муайян мегардонад.

Донишҷӯйи хатмкунанда то расидан ба марҳалаи навиштани рисолаи хатм як  қатор  корҳои илмии  нисбатан  содатарро, аз қабили муаррифии эссэ, реферат, маърӯзаи илмӣ, корҳои курсӣ аз фанҳои тахассусӣ ба анҷом мерасонад, ки онҳо барои навиштани рисолаи хатм ҳамчун воситаи таҳкими малака ва қобилияти таҳқиқ барои рисоланавис хизмат менамоянд.

Дар ин бора ба мо мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Ҷаъфаров  иттилоъ дод.       

 

Масъули гӯша

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш