Нашрияи Омӯзгор

Оила ва тарбияи фарзанд

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Мо дар замони инкишофи босуръати илму техника, замони таҳаввулоти зеҳниву ботинии инсон зиндагӣ мекунем.

Дар баробари ин, солҳои охир кӯшишҳои таъсир расондан ба ҷаҳонбинию андешаи кӯдакону ҷавонон аз ҷониби ҷараёну равияҳои ифротгаро бештар ба мушоҳида мерасад. Аз фориғболии баъзе падару модарон ва суст будани раванди тарбия дар оилаҳои имрӯза истифода бурда, гурӯҳҳои гуногуни экстремистӣ ҷавонону кӯдакони бетаҷрибаро ба кирдорҳои номатлуб ҳидоят менамоянд. Ҷавонону кӯда-кон, одатан зудбовар мешаванд ва зуд фирефтаи ваъдаҳои пуч гардида, ба роҳи нодуруст мераванд.

Дар ин гуна вазъияти ҳассос таълиму тарбияи фарзанд яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба шумор меравад. Чунон ки маълум аст, кӯдакон то ҳафтсолагӣ асосан дар оила, яъне, дар канори падару модар ҳастанд ва тарбияи аввалинро аз падару модар ва бибию бобоҳо гирифта, аз ҳар ҷиҳат ташаккул меёбанд. Дар ин давра бори гарони тарбияи кӯдак маҳз ба дӯши оила меафтад. Агар падару модар ва дигар аъзои калонсоли оила тарбияи кӯдакро кори саҳл шуморанд ва ба ин масъалаи мубрам чандон эътибор надиҳанд, аз кӯдак одобу ахлоқи хубро интизор шудан душвор аст. Дар ин давраи масъулиятбор кӯдак ниҳол асту оила боғ асту падару модар боғбон. Ва боғбон бояд ин ниҳоли наврустаро тавре нигоҳубину парвариш кунад, ки дар оянда ба дарахти сабзу хуррам ва сермева табдил ёбад.  Ҳар як оилаи тоҷик дорои хусусият ва шеваи хоси тарбия аст, ки он дар рафтору кирдору гуфтори кӯдак инъикос мегардад. Тарбияи кӯдак дар оила дар асоси ҷаҳонбинӣ, дониш ва арзишҳои маънавии падару модар сурат мегирад.

Танҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмию муттаҳидии тамоми аъзои оила ба тарбияи фарзанди солеҳ ва хушахлоқ, ватандӯст ва инсонпарвар ноил гардидан мумкин аст.

Вале, мутаассифона, на дар ҳамаи оилаҳо падару модарон масъулияти худро хуб дарк мекунанд ва ҳатто, баъзе аз онҳо гумон мекунанд, ки масъалаи таълиму тарбия танҳо вазифаи муассисаҳои таълимӣ мебошад. Чунин фикри нодуруст боиси он мегардад, ки падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд чандон аҳамият намедиҳад. Оила бояд бо мактаб доимо дар робита ва ҳамкорӣ бошад, то ки фарзанд чи дар оила ва чи дар мактаб зери назорати падару модар ва муаллимон қарор гирад.

Меҳрангез ҚОДИРОВА,

магистранти ДДОТ

ба номи С.Айнӣ,

мураббии кӯдакистони №1-и ноҳияи Шаҳринав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш