Нашрияи Омӯзгор

«Интерактив» дар дарси забони англисӣ

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Мо дар замоне кору пайкор дорем, ки рушди тамоми самтҳои иҷтимоиёт, иқтисод, маориф ва фарҳанг ба падидаҳои нави технологиву инноватсионӣ вобаста аст. Аз ин лиҳоз, давлат ва ҷомеа ба кадрҳое ниёз доранд, ки дар ҷодаи илму техника пештоз бошанд, бо диду мафкураи тоза ба зиндагӣ ворид шаванд. Баъзан бо ҳолатҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки ҳатто тифли нав ба забономада тавассути бозичаҳои электронӣ амалиёти аҷиберо анҷом медиҳад ва завқ мебарад. Ин ҳама аз кормандони муассисаҳои тарбиявии томактабӣ, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва болоӣ тақозо менамояд, ки дар таълиму тарбия аз сабку услуби тоза истифода намоянд. 

Мавриди зикр аст, ки феълан масъалаи рушди эҷодии афрод, аз ҷумла, омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз масъалаҳои муҳимми   тадрис маҳсуб меёбад.  Аз ҷониби дигар, рушди тавонмандии эҷодӣ аз иқдом ва амали фаъолона ва сабку равиши тозаи таълим маншаъ мегирад. 

Дар пешрӯи ҷомеаи имрӯза мушкилоте  пеш омада ва он иборат аст аз кашфи он гуна сабки таълим, ки битавонад донишомӯзро аз чаҳорчӯбаи танбалӣ  берун оварда,  ба ҷодаи ибтикор ворид намояд ва ӯ битавонад бо истифода аз донишҳои андӯхтааш масъалаҳои пешомадаро ҳаллу фасл  кунад ва нуқтаи назари хешро дошта бошад. 

Барои ҳаллу фасли ин мушкилот падидаи илмие пеш омада бо номи «сабки интерактив».  «Интерактив» аз лиҳози решашиносӣ мансуб ба забони англисӣ буда, онро «амали мутақобила» (inter –мутақобила ва ё дуҷониба ва (act амал намудан) шарҳ додан мумкин аст.    Айни замон аз сабки “интерактив” дар семинару конференсияҳо ва низоми тадрис самаранок истифода менамоянд. Дар ин замина истилоҳи дигаре рӯйи кор омада бо номи  “омӯзиш бо сабки интерактив”, ки барои рушди қобилияти зеҳнии шогирдон хеле муфид аст. 

Аз сабки “интерактив” зимни таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба таври васеъ истифода бурдан мумкин аст. Ин ҷо аз намунаҳои сабки “интерактив”  зимни гузаронидани дарсҳои забони англисӣ  дар синфҳои 7-9 ёдовар мешавем. Чунин дарсҳо дар шакли бозиҳои кинетикӣ, яъне бозиҳое, ки ба ҳаракат ва ҷунбиш вобастагӣ доранд, анҷом дода мешаванд. Аз ин бозиҳо вақте истифода мегардад, ки шогирдон хеле хаста шуда бошанд. Чунин шакли дарс бо истифода аз бозӣ ба шогирдон баъд аз хастагӣ неру мебахшад ва меҳри шогирдонро ба забономӯзӣ афзун менамояд, инчунин қобилияти эҷодии  онҳоро афзун месозад.

Масалан, як шакли сабки “интерактив” рақсидан таҳти мусиқист, ки “Classroom Energizers” ном дорад ва ин рақс бояд дар ҳавои суруди англисӣ бошад,  ба синну соли  шогирдон мувофиқат кунад ва шӯрангез бошад.  Дар сурати набудани навори видеоӣ омӯзгор метавонад онро дар сомонаи Learning Stations (YouTube) пайдо намояд.

Бозии дигари интерактив Hot Seat (Калимаро ёбед) ном дорад. Истифода  аз Hot Seat ба рушди маҳорати гуфтори англисии шогирдон ва талаффузи англисӣ мусоидат менамояд. Суханбозӣ дар дарси забони англисӣ хеле завқовар аст. Тартиби бозӣ чунин аст:

Шогирдон ба ду тим ҷудо шуда, аъзои тими аввал рӯ ба тарафи тахтаи синф намуда, аъзои тими дигар дар акси ҳолат қарор мегиранд. 

Дар тахтаи синф барои ҳар як тим теъдоди муайяни калимаҳо навишта мешаванд. Калимаҳоро шарҳ додан ва ё муродифи онҳоро пешниҳод намудан мумкин аст. Дар сабқат барои ҳар як шогирд вақти муайян ҷудо мешавад. Зимни натиҷабардорӣ ҳамон тим пирӯз ҳисобида мешавад, ки тамоми калимаҳоро ёфта тавонад.

Ба ҳамин тартиб, вобаста ба маҳорати   омӯзгор бозиҳои зиёди интерактивиро эҷод намудан мумкин аст.

 Суҳайло Ҳасанова,

 омӯзгори забони англисии мактаби  №34-и

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш