Нашрияи Омӯзгор

Дурнамои коллеҷи энергетикӣ

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 852        Шарҳ: 0

 

Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соли 2007 таъсис ёфтаву ягона коллеҷи энергетикӣ дар вилояти Хатлон маҳсуб меёбад.

Ҳадафи асосии коллеҷ қонеъ гардонидани талаботи муассисаву корхонаҳои соҳаи энергетика ва саноат бо мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад.

Дар майдони асосии коллеҷ бинои таълимӣ, 2 бинои дуошёнаи истиқоматии омӯзгорону кормандон, бинои чорошёнаи донишҷӯён, 1 факулта, 2 кафедра, 37 синфхона, 10 озмоишгоҳи таълимӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва омӯзиши лингофонии забонҳои хориҷӣ дар шафати якдигар ҷойгир шуданд.

Барои пешрафти фаъолияти таълимию методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дар кафедраҳои коллеҷ 55 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 2 нафар номзади илм ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар соли таҳсили 2019-2020  810 нафар донишҷӯи шуъбаҳои рӯзона, ғоибона ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои «Неругоҳҳои барқӣ», «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои энергетикӣ», «Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ», «Васл ва истифодабарии таҷҳизоти барқии корхона ва биноҳои истиқоматӣ» ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Тибқи фармоиши вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ донишҷӯён давраи таҷрибаомӯзиашонро дар НБО-и «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Сарбанд» ва дигар корхонаҳои саноатии ҳудуди вилоят пурмаҳсул ва самарабахш мегузаронанд.

- Барои дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисон ва вусъат бахшидани фаъолияти корӣ мо бо якчанд неругоҳи барқӣ ва корхонаҳои саноатии вилоят шартномаю ҳамкориҳои зичро роҳандозӣ намудаем, - иброз намуд директори коллеҷ, номзади илмҳои педагогӣ Гулмаҳмад Салимзода.

Хушбахтона, таваҷҷуҳ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбии коллеҷ хеле зиёд гардидааст. Яъне, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баъди хатми синфи 9 (зинаи асосӣ) низ имконият доранд, аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба таълим фаро гирифта шаванд.

Бо дарназардошти пешрафти босуръати илму техникаи муосир ва талаботи бозори меҳнат соли таҳсили 2019-2020 дар коллеҷ боз як шуъбаи нав – Таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ (ихтисоси барномасозӣ) кушода шуд, ки алҳол дар он 13 нафар донишҷӯ таҳсил доранд.

Донишҷӯёни коллеҷ имконияти хуб доранд, ки бо истифодаи шароити фароҳам дар вақтҳои холӣ ба варзиш машғул шаванд. Дар ин самт 3 майдончаи варзишӣ ва толори варзишии замонавӣ барои онҳо муҳайё гардонида шудааст.

Моҳи январи соли ҷорӣ ошхонаи коллеҷ тибқи шартномаи ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Туркия аз ҷониби сафоратхонаи кишвари Туркия бо ҳамкории Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти наву муосир муҷаҳҳаз гардонида шуд.

 

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш