Нашрияи Омӯзгор

Дарахти боровари дӯстӣ

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 767        Шарҳ: 0

Дар забони тоҷикӣ вожаи ваҳдат маънои васеъ ва таърихи дерин дорад. Маънои асосии ин вожа ба ҳам омадан, ягонагӣ ва ҳамдилию ҳамраъйӣ мебошад.

Халқи тоҷик табиатан ватандӯст аст ва аз ин рӯ, аҳли қаламаш, ниёгони хирадмандаш аз қадим ваҳдатро таърифу ситоиш кардаанд ва онро бузургтарин арзиши миллӣ, таъмингари осоиштагиву рушду шукуфоӣ донистаанд. Дар осори шоирони бузурги миллат Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Хайём, Мавлавию Ҷомӣ… ваҳдату осоиштагӣ, рӯзгорони дур аз зиддияту кинаву адоват ҷонибдорӣ шудаву ҷангу ихтилоф маҳкум гардидааст. Масалан, Саъдии Шерозӣ ҷонибдорони ҷангу ихтилоф ва душманони сулҳу оштиро чунин мазаммат мекунад:

На дониш бошад он касро, на

фарҳанг,

Ки вақти оштӣ пеш оварад

ҷанг.

Дар қитъаи машҳури ин суханвари беназир, ки бо байти «Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд» оғоз меёбад, ваҳдату иттиҳоди тамоми башарият ситоиш мешавад. Оҳанги башардӯстии ин қитъаи пурмазмун хеле баланду гӯшнавоз аст. Шоҳбайти шоири дигари тоҷик Ҳофизи Шерозӣ даъватнома ба аҳли башар ҷиҳати муттаҳидиву ҳамдилӣ ва дӯстиву рафоқат мебошад:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки

коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки

ранҷи бешумор орад.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳадафи зиндагии инсонҳоро дар ҳамбастагию меҳру муҳаббат медонад:

Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан

омадем.

Мавзӯи ваҳдат дар адабиёти муосири тоҷик, аз ҷумла, дар навиштаҳои устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Улуғзода, Икромӣ боз ҳам вусъат ёфт. Устод Турсунзода чунин навиштааст:

Халқи олам дӯст бо мо

гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум

макун.

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин мавзӯъ ба мавзӯи асосии адабиёт табдил ёфт ва тамоми шоирон дар тавсифу мадҳи ваҳдат шеърҳои баландмазмун гуфтанд. Ашъори ваҳдатбунёд дар ин давра баҳри расидан ба сулҳу салоҳ ва оштии миллӣ, баҳри тантанаи ваҳдат нақши муҳим бозиданд. Ин гуна шеърҳо эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии аҳли кишварро ба таҳрик оварданд, таҳким бахшиданд. Шеърҳои ватандӯстонаву ваҳдатгароёнаи устод Лоиқ сари забонҳо шуданду оғӯши аҳли кишварро ба сӯи ҳам боз намуданд. Ғазали машҳури «Сулҳи деринтизор»-и шоир ба як навъ нидои дилошӯби мардумони сулҳпарвар табдил ёфт. Манзумаи «Тоҷикистонро дигар қисмат макун»-и Камол Насрулло ҳамагонро мутаассир сохту меҳри Ватанро дар ниҳодашон дучанд афзуд. Дар эҷодиёти шоирони номвари миллат М.Қаноат, Гулназар, Гулрухсор, Ҳ.Ғоиб, М.Ғоиб, Фарзона, Аскар Ҳаким, М.Бахтӣ ва даҳҳо нафари дигар мавзӯи ваҳдат хеле вусъат ёфт. Омӯзгорони ҳамаи фанҳоро, ки аксар роҳбари синф ҳам ҳастанд, мебояд, ки аз ин гуна ашъор ба сатҳи зарурӣ огоҳ бошанд ва аз онҳо дар машғулиятҳои тарбиявиашон бо шогирдон пурсамару бамаврид истифода баранд.

Ҳилолбӣ Исмоилова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №26-и

ноҳияи Данғара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш