Нашрияи Омӯзгор

Масъулияти баланд – асоси сифати таҳсилот

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

 Литсейи касбӣ-техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи омӯзиши касбҳои коргарӣ ҳиссаи арзанда гузошта, то имрӯз ҳазорҳо нафар ҷавонро соҳиби касбҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат намудааст.

 Айни ҳол дар ин боргоҳи ҳунар беш аз 421 хонанда дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ ва 453 нафар дар гурӯҳҳои кӯтоҳмуддат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар муассиса 55 нафар омӯзгор ба хонандагон нозукиҳои касбҳоро меомӯзонанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия тамоми шароитҳои таълимӣ, ки ба талаботи Стандарти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавобгӯ мебошад, муҳайё намудаанд. Аз ҷумла, хонандагоне, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст омадаанд, бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Дар литсей нуқтаи тиббӣ, китобхона, ошхона бо се вақт хӯроки гарм, утоқи касбомӯзӣ, ҳунарҳои миллӣ, устохонаи муҷаҳҳази таълимӣ-истеҳсолӣ, кабинети технологияи иттилоотӣ, сехҳои дӯзандагӣ, кафшергарӣ, ташхисгоҳҳои барқӣ, челонгарӣ ва автомобилӣ дар ихтиёри толибилмон қарор дорад.

Тавре ки директори литсей А. Абдулҳақов мегӯяд, дар соли таҳсили 2019-2020 дар литсей аз рӯи ихтисосҳои системаи компютер ва интернет-технология, дӯзанда, дуредгар, кафшергари газию барқӣ, устои барқ, ҳисобдор бо донистани компютер, челонгари таъмири муҳаррики автомобил ва қисмҳои техникӣ (сантехник) ва назоратчии сифат хонандагонро қабул намуданд. Дар литсей дар доираи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ - техникӣ ва омӯзиш» курсҳои кӯтоҳмуддати касбҳои ғайрианъанавӣ ташкил шудааст, ки ба ин курсҳо 339 нафар духтар ва занони хонашин ҷалб карда шуданд. Кормандони литсей бо назардошти пешрафт ва тараққиёти илму техникаи муосир ва ба талаботи бозори меҳнат тайёр намудани мутахассисони баландихтисос мунтазам барои мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии литсей аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва шартномавӣ воситаҳои навини техникии таълимро харидорӣ намуда, кабинетҳои таълимӣ ва устохонаҳои истеҳсолиро муҷаҳҳаз мегардонанд. Ҷиҳати амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди раҳнамои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» нақшаи чорабиниҳои маъмурияти литсей ба тасвиб расида, ҷиҳати амалӣ намудани он кабинетҳои интихоби касб, устохонаҳои ҳунарҳои миллӣ, аз қабили (кандакорӣ, табақтарошӣ зардӯзӣ, чакандӯзӣ, гилембофӣ, қуроқдӯзӣ, либосҳои мактабӣ) ташкил карда шудааст. Бояд зикр кард, ки омӯзгорону устоҳои таълимии литсей ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ дар литсей таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Барои баланд бардоштани дониши назариявии хонандагон аз тарафи китобхонаи литсей озмунҳои «Ровии беҳтарин», «Хати зебо», «Рассоми беҳтарин», «Шоҳномахонӣ» мунтазам гузаронида мешавад.Омӯзгорону хонандагони литсей дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» аз рӯйи номинатсияи «Кулолгарӣ» сазовори дипломи дараҷаи дуюм гардиданд. Айни замон биноҳои хобгоҳ, устохонаи таълимӣ ва ошёнаи якуми бинои таълимӣ дар доираи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ - техникӣ ва омӯзиш» аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш