Нашрияи Омӯзгор

Тақдими ёрдампулиҳо ба иштирокдорони ҶБВ

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Ҳамасола дар остонаи Рӯзи ғалаба бо мақсади арҷ гузоштан ба корнамоиҳои иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сатҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои неку шоиста анҷом дода мешаванд.

Соли равон низ ба ин муносибат кумакпулии якдафъаинаи Пешвои миллат дар ҳаҷми   6 ҳазор сомонӣ ва кумакпулии раиси вилоят ба андозаи 4 ҳазор сомонӣ муқаррар гардид.

Бо мақсади тақдими ёрдампулиҳои Сарвари кишвар ва раиси вилоят, расонидани номаи муборакбодии Пешвои миллат ба ифтихори ин ҷашн муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Собирзода Нуралӣ Миралӣ ва сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода  19 нафар иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробарро дар ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров аёдат намуданд.

Зимни суҳбат бо иштирокдорони ҶБВ аз корнамоиҳои бемисли онҳо ёдовар шуда, таъкид гардид, ки дар он солҳои мудҳиш дар қатори мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фарзандони Тоҷикистон низ ба ҳимояи Ватани хеш бархоста, барои ҳифзи хоки Ватан сина сипар намуданд. Қаҳрамониву диловарии фарзандони шуҷоъи Ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва давлату Ҳукумат азхудгузаштагиву ҷоннисориҳои зафармандонро қадр менамояд.

"Омӯзгор"

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш