Нашрияи Омӯзгор

Мактаби ҷасорат

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Дар таърих воқеаҳое ҳастанд, ки бо ҳарфҳои заррин сабт мешаванд. Масалан, ғалабаи халқҳои Шӯравӣ  бар фашизм  бо ҷонбозию матонат  ва қурбониҳои  зиёде ба даст омадааст, ки дар он беш аз  300 ҳазор нафар фарзандони  Тоҷикистон  мубориза бурданд.

Ҳайитбой Ҳакимов аз зумраи  он нафаронест, ки дар айни ҷавонӣ барои дифои Ватан рафта,  пас аз ғалаба  чун маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм ба Ватан омада, то синни  нафақа ба ҳайси  омӯзгори  омодагии ибтидоии ҳарбии мактаби №26-и деҳаи Навободи шаҳри Истаравшан кор кард ва ба шогирдонаш дарси мардонагию ҷасорат, ватандӯстию худшиносиро омӯзонидааст.

Ҳайитбой Ҳакимов  19-уми январи  соли 1920 дар деҳаи Навободи шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб, соли 1940 ба сохтмони  канали  Фарғона  сафарбар ва худи ҳамон сол  ба сафи Армияи Шӯравӣ  даъват мешавад.

Соли 1941 баъди иштирок дар ҷанги Финландия ба Ватан бармегарданд. Соли 1943 ӯро ба фронт мефиристонанд. То лаҳзаҳои охирин  дар майдони ҷанг диловарона меҷангад, чанд маротиба  захм мебардорад. Бо вуҷуди ин, Ҳ.Ҳакимов  ҷасуронаву мағрурона  бо қомати баланду чеҳраи нуронияш назди худ набераву аберагонро ҷамъ намуда, аз қаҳрамониҳо нақл мекунад.

Ӯ дорандаи  ордени ҶБВ, дараҷаи 2, 17 медали  ҷангию ҷашнӣ, аз ҷумла, “За отвагу”, “Ветерани меҳнат” мебошад.

Дар арафаи таҷлили 75-солагии Ғалабаи бузург омӯзгори ҷанговар Ҳ.Ҳакимов 101-сола шуд, ки барояш тани сиҳат ва умри дароз таманно дорем.

Ҷаҳонгир МАҲКАМОВ,

омӯзгори мактаби №40,

шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш