Нашрияи Омӯзгор

Ҳимоятгарони Ватан

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Имсол аҳли башар 75-солагии рӯзи ғалабаи мардуми Шӯравиро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бо ифтихор ҷашн мегиранд. Ин ҷашн халқу миллатҳоро ба ҳам боз хам муттаҳидтар хоҳад кард.

22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ ба ИҶШС ҳуҷум кард. Дар ин ҷанг намояндагони 72 давлат иштирок карда, 55 миллион одам, аз ҷумла, 27 миллион аз Иттиҳоди Шӯравӣ талаф ёфтанд.

Ҷанги дуюми ҷаҳон дарду алами беандозае ба халқҳои Аврупо ва тамоми ҷаҳон боқӣ гузошт.

Миллатҳои гуногун-русу тоҷик, украину белорус, гурҷию ӯзбек… китф ба китф истода, дар ҳимояи ҳар як ваҷаб хоки Ватан, ҷоннисорӣ карданд ва шарафу номуси хешро ҳимоя намуданд.

Ҷанг ҳатто тафаккури сиёсии мардон, занон, кӯдакон, пиронсолон ва одамони миллатҳои гуногунро ба куллӣ тағйир дод.

Он ба хоҷагии халқ зарари хеле калон расонид. ИҶШС ҷаҳониёнро аз фашизм раҳоӣ бахшида, дар наҷоти башар саҳми арзанда гузошт. Ин абарқудрат дар мубориза бар зидди Германия 73% ҳайати шахсӣ, 75% танк, артиллерия ва ҷузъиёти калони ҳавоиро аз даст дод, вале ба пирӯзӣ расид.

Тоҷикистон ҳам дар ин ҷанг бо талафоти калон дучор шуд. 300 ҳазор нафар фиристодагони ҷумҳурӣ дар майдони ҷанг ҷонбозиҳо намуда, мардонагию қаҳрамонӣ нишон доданд, 90 ҳазори онҳо дар ҳифзи Ватан ҷон супориданд. Барои мардонагӣ ва ғолибият бар фашизм 57 ҷанговари Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва  теъдоди зиёди ҷанговарони мо соҳиби ордену медалҳо гардиданд.

Он абармардони қаҳрамоне, ки ба хотири озодӣ ва сулҳ дар ҷанг ҳаёти худро бохтанд, ҷовидонӣ шарафманд монданд.

Дар солҳои ҷанг ақибгоҳ низ арсаи муборизаву талош буд. Мардуми мо ба мушкилоти сахти зиндагии худ нигоҳ накарда, барои аскарони дарҷангбуда хӯрокворӣ ва сару либос гирд оварда мефиристониданд.

Имрӯз мо ба ҳамаи онҳое, ки дар ҷанг иштирок карданду ғолибият ба даст оварданд, сари таъзим фуруд меорем.

Кору номи неки онҳо ҳаргиз фаромӯш  нахоҳад шуд. Зиндаву ҷовид бод номи қаҳрамонони  Ватан!

 

Фароғат Олимова,

омӯзгори таърихи халқи тоҷик ва ҳуқуқи инсон, мактаби №70-и

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш