Нашрияи Омӯзгор

Рамзи садоқат

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Ғалабаи бузург рамзи садоқат, ҳисси баланди  ватандӯстӣ, шараф ва рӯҳи устувору шикастнопазирии халқҳои сулҳовару озодихоҳи олам аст.

Муҳаққиқону таҳлилгарон ва коршиносон собит намудаанд, ки зарбаи асосии фашизми гитлерӣ ба муқобили халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ равона гардида буд. Аммо дар ҷавоб урдуи фашистӣ ба қаҳрамониҳои беназир, далериву шуҷоатмандӣ ва муборизаи далеронаи мардум дучор гардида, дар натиҷа шикаст хӯрд, сулҳу оромӣ дар ҷаҳон таъмин гардид.      

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз сесад ҳазор ҷавонписару ҷавондухтари тоҷик бо амри дил, барои ҳифзи Ватан ба ҷабҳаҳои набард бар зидди фашизм сафарбар гардидаанд. Аз ин шумора 92 000 (наваду ду ҳазор) нафарашон аз майдонҳои ҳарбу зарб бо сари баланд  барнагаштаанд.

 Ҳамватанони мо дар муборизаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари халқу миллатҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Зиёда аз 56 000 ҳамватани мо ба гирифтани ордену медалҳо шарафёб шудаанд. Аз ҷумла, 54 нафар ба унвони олии қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафар бо се дараҷаи ордени  “Шараф” сарфароз гардидаанд. Дар маҷмӯъ, ғалаба иттиҳоди бар фашизм бо қимати гарон-даҳҳо  миллион қурбонӣ ба даст омада бошад ҳам, ҷаҳонро аз асорату ғуломӣ наҷот бахшидааст.

Боиси ифтихори хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ҳамасола бахшида ба рӯзи Ғалаба  9-май дар давлатҳои ИДМ ҷашн гирифта мешавад. Бевосита сарҳадбонони мо ин анъанаро дар чаҳорчӯбаи чорабинии муқаддасу хотирмон гузаронида, номи неки фарзандони шарафманди худро ба хотир меоранд ва гиромӣ медоранд. Соли равон 9-май 75-умин солгарди иди  Ғалабаи бузург аз ҷониби халқиятҳои гуногуни рӯи олам ба хотири абадӣ  нигоҳ доштани қаҳрамониҳои фарзандони далеру шуҷоъ таҷлил мегардад.     

Одинааҳмад Маликов,

муовини сардори гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, полковник 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш