Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгори қаҳрамон

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Омӯзгори ватандӯст ва Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов яке аз фарзандони далеру вафодори Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад.

Ӯ 15 марти соли 1913 дар деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. То ба сафи Артиши Сурх даъват шуданаш дар мактаби миёнаи рақами 3-и деҳаи мазкур ба хонандагон аз фанни таърих дарс медод. Дар байни ҳамкасбон ва шогирдон соҳибэҳтиром буд. 22 июни соли 1941 хабари ҳуҷуми аҳдшиканонаи фашизми гитлерӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ дар тамоми олам паҳн шуд. Домулло Азизов аз шунидани ин хабари нохуш ба хашм омада, дарзамон азм кард, ки ба майдон набард раваду бар зидди душмани ғаддор биҷангад. Якчанд маротиба ба комиссариати ҳарбии ноҳия рафта, хоҳиш кард, ки ҳар чӣ зудтар ӯро ба фронт фиристанд. Вале ҳамдиёронаш намехостанд, ки ин муаллими соҳибсавод ва ғамхору меҳрубонро аз даст диҳанд.

Ниҳоят, пас аз пофишориҳои нотакрор Д.Азизов соли 1942 ба сафи Артиши Сурх барои муҳофизати Ватан рафт. Ба ҳайати полки тирандозии 120 – ум дохил шуд. Аз рӯзҳои аввал ӯ дар байни ҳамхизматонаш шуҷоату мардонагӣ, ҷасурию чолокӣ ва зиракию ҳушёрӣ нишон дод. Дере нагузашта, ӯро командири шуъбаи пулемётчиёни полки тирандозии мазкур таъйин намуданд. Ҷасорату мардонагӣ ва диловариҳои ӯ ҳамаро ба ҳайрат меовард. Ҳамчунин, дар нишонзанию тирандозӣ байни ҳамхизматонаш беҳамто буд. Дар задухӯрдҳои шадид баҳри озодкунии шаҳри Севски фронти Белоруссия фаъолона ширкат варзид. Бо пешниҳоди командири полк 24 сентябри соли 1943 бо ордени “Ситораи Сурх” сарфароз гардид.

Дар ҷанги шадидтарине, ки десантчӣ сержанти хурд Домулло Азизов дар он иштирок намуд, муҳориба дар ҳудуди шаҳри Курск ва дарёи Днепр буд. Тоҷикписар аз аввалинҳо шуда, худро ба дарёи Днепр партофт ва бо норинҷаки дастиаш ба хандақи душман ворид шуда, якчанд фашистро нобуд кард. Ва бо яроқи худ ба сӯи дастаҳои дигари душман оташ кушода, барои ҳуҷуми ҳамяроқонаш ва аз байн бурдани дастаи душманон шароит фароҳам овард. Бо ин шуҷоаташ Д.Азизов барои аз дарёи Днепр гузаштани қисмҳои боқимондаи полки тирандозӣ кумаки калон расонд. Ҳамхизматону ҳайати фармондеҳон ба мардонагию қаҳрамонии Домулло Азизов аҳсану офарин гуфтанд. 24 октябри соли 1943 дар яке аз амалиёти ҷангӣ тоҷикписари диловар қаҳрамонона шаҳид шуд. 30 октябри соли 1943 барои корнамоиҳо ва шуҷоатмандиаш дар озод намудани ҳудуди дарёи Днепр ва ҳамчунин, ҷоннисориҳояш дар муҳорибаи назди деҳаи Островаи ноҳияи Лоеви вилояти Гомели Белорус, сержанти хурд Домулло Азизов баъди маргаш бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мукфотонида шуд. Ҷасади қаҳрамонро дар қабристони деҳаи Боршевкаи нави ноҳияи Лоеви вилояти Гомели Белоруссия ба хок супориданд.

Ҳоло мактаби рақами 3 – и зодгоҳи қаҳрамон, ки пеш аз даъват шуданаш ба фронт он ҷо муаллим шуда кор мекард, ба номаш гузошта шудааст.

Ҳамчунин, мактаби рақами 35 – и шаҳри Минск номи ин қаҳрамонро гирифтааст. 11 сентябри соли 2013 дар назди ҳамин мактаб нимпайкараи қаҳрамон гузошта шудааст. Дар яке аз кӯчаҳои шаҳри мазкур низ номи тоҷикписар Д.Азизовро гирифтааст.

 

Шерзод КОМИЛОВ,

омӯзгори омодагии ибтидоии

ҳарбии мактаби №24 ба номи

Чӯлибой Комилов,

шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш