Шукуфоии Тоҷикистон, ободии диёр, некуаҳволии мардум, бунёдкориҳои рӯзафзун ва шаъну эътибори ҷаҳонии миллати куҳанбунёди мо бо Ваҳдати миллӣ ҷиддан алоқаманд аст. Ваҳдати миллӣ ба ҳам омадани орзую омол, манфиҳатҳову ҳадафҳо ва азму ниятҳост.
Дар Тоҷикистони азизи мо ҳамагон ба қадру манзалати ваҳдати миллӣ мерасанд ва онро пос медоранду ҳимоят мекунанд, зеро он дар ҷумҳуриамон ба ивази талошҳои сангину бардавом ба даст омадааст.
Ба бахти миллати азизамон ҳукумати қонунии ҷумҳурӣ бо сарварии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан ба ваҳдати миллӣ ва таъмини осоиштагии мардумро пазируфта, марҳила ба марҳила ҷумҳуриро аз вартаи ҳалокатбор берун кашид. Ҷоннисориву талошҳои пайвастаи Сарвари халқпарвару сулҳҷӯй ва ваҳдатшиори кишварамон самараҳои нек оварданд ва 27-уми июни соли 1997 Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расиду дар диёри маҳбубамон парчами ваҳдат афрохта шуд ва орзую омоли деринаи халқ ҷомаи амал пӯшид. Аз ҳамон сол инҷониб ҳамасола 27-уми июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ҳоло аз имзои созишномаи мазкур бисту як сол сипарӣ гаштааст. Дар ин давра ҳаёти воқеии аҳли ҷумҳурӣ собит сохт, ки саодатмандии ҳамагонӣ, шукуфоии миллат, бештар аз ҳама, ба Ваҳдати миллӣ, ба сулҳу осоиштагӣ алоқаманд аст. Ба шарофати ваҳдат сохтори давлатдорӣ дар ҷумҳуриамон устувор гашт, рушди тамоми минтақаҳои кишвар таъмин гардид, ифтихори миллии мардум боло рафт. Робитаҳои хориҷии ҷумҳуриамон тақвият ёфтанд, ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати башардӯсту тамаддунпарвар ва ҷонибдори ҳаёти осоиштаву бунёдкорона шинохтанду эътироф намуданд…
Ваҳдати миллии халқи тоҷик ҳоло неруманду устувор ва мағлубнопазир аст. Тоҷикистониён бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати хешро чун бузургтарин дороиву дастоварди миллӣ ҳимоят мекунанд ва аз ин ифтихор доранд.
Додихудо Толибов,
омӯзгори математикаи
мактаби №61-и ноҳияи
Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр