Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба фанҳои дақиқ

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

«Ягон тадқиқот ҳақиқати илмӣ шумурда намешавад, агар он аз исботи математикӣ нагузашта бошад», - қайд кардааст Леонардо да Винчи. 

 

Дақиқан маълум аст, ки фанни математика дар зинаҳои якум ва қисман дуюми таҳсилот (синфҳои 1 – 6) риёзӣ низ номида мешавад. Ин мафҳум ба ин маънӣ мебошад, ки дар ин бахши омӯзиши фанни математика бар иловаи арифметика мафҳумҳои геометрӣ (манзур фигураҳои геометрӣ) низ омӯзонида мешаванд.

Масалан, аз мафҳумҳои геометрӣ дар зинаи якуми таҳсилот доир ба квадрат, росткунҷа, периметрӣ квадрату росткунҷа, порчаҳо ва дарозии онҳо, хати росту нур ва дарозии онҳо маълумоти миёнаи мутобиқ ба савияи саводнокию зинаи синусолии хонандагон дода мешаванд. Дар муқоиса ба ин қисмати аввали зинаи якуми таҳсилот (синфҳои 5 – 6) бар ин фасл куб ва ҳаҷми он, масоҳати росткунҷаю квадрат, ёфтани дарозии тарафҳои квадрат ва росткунҷа аз рӯйи масоҳат ва периметр, секунҷа ва тасвир намудани намудҳои гуногуни онҳо дар системаи координатаҳои декартӣ, меъёри маҳдуди омӯзиши кунҷҳо ва периметру намудҳои гуногуни ҳалли мисолу масъалаҳо бо фигураҳои дар боло зикрнамуда ба роҳ монда мешаванд.

Агар ба барномаи таълимии математика барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ назар кунем, пас, муайян карда метавонем, ки миқдори соатҳои ҷудошавандаи омӯзишии фанни математика, махсусан, геометрия сол то сол кам шуда истодаанд, ки ин боиси нигаронист. Ба ибораи дигар, мактаби геометрия дар барномаҳои таълимии мактабӣ ва дар ин замина дар ҷумҳурӣ мавқеи хоси худро чи аз ҷиҳати зарурати истифодаи донишҳои ин фан ва чи аз ҷиҳати кам будани ихтисосмандони соҳибтаҷрибаи ин фан аз даст дода истодааст. Ин гуфтаҳо ба ин маънист, ки дар барномаҳои таълимӣ барои омӯзиши фанни геометрияи синфи 7 – ум ҳафтае 2 соат, синфи 8 – ум ҳафтае 2 соат (1 соат аз ин бахши мактабӣ), синфи 9 – ум ҳафтае 1 соат, синфҳои 10 ва 11 барои равияҳои универсалию табиӣ – риёзӣ ва дигар ра-вияҳои ғайригуманитарӣ ҳафтае 2 соат ва барои равияҳои ҷамъиятӣ – гуманитарии ҳамин синфҳо ҳафтае 1 соат муқаррар карда шудааст.

Дар муқоиса ба талаботи бозори имрӯзаи меҳнат ва сатҳу сифати саво-ди замони техникаю технологияҳои коммуникатсионӣ ба чунин миқдори омӯзиши фанни геометрия, ки дар боло зикр намудем, хеле кам мебошанд.

Дуруст аст, ки имрӯзҳо миллионҳо барномаҳои компютерӣ ва ҳатто смартфонӣ (барои телефонҳо ва планшетҳои дастӣ) барои сохтану ҳисоб кардани ин ё он мафҳум ва бузургиҳои геометрӣ барои истифодаи ҳамагон пиёда карда шудаанд, аммо донистану бе истифодаи барномаҳои мавҷуда амал кардан кам ба чашм мерасад.

Муайян кардан мумкин аст, ки имрӯзҳо дохили дилхоҳ мағозаҳо ворид шавем, ба осонӣ дида метавонем, ки ҳангоми ҳисоб ҳатто рақамҳои хурду каратӣ ва даҳӣ низ бо истифодаи калкуляторҳо ё ба истифодаи барномаҳои кампютерии махсуси ҳисобкунии бо номи QR – кодро хонда метавониста амалӣ карда мешаванд.  Илова бар ин, пиёда кардани чунин барномаҳо аз тарафи дигар хуб аст, зеро вақти ҳисобкунандаро кам мегиранд ва маҳсулоти фурӯхташуда дар хотираи компютерҳо сабт мегардад, ки ин ҳам ба-рои ҳисобот қадаме ба пеш аст, аммо ин амал ва истифодаи аз меъёр зиёди чунин барномаҳои ёрирасон набояд барои бесавод кардани миллат заминаи ибтидоӣ гузоранд.

Мусаллам аст, ки дар омӯзиши сикли фанҳои дақиқ, махсусан, математика роҳҳои алтернативии таълим вуҷуд надоранд, зеро дар замони худ Гаусс қайд карда буд, ки дар омӯзиши фанни математика роҳи шоҳона нест.

Фаромӯш набояд кард, ки сабаби ба чунин вазъ омада расидани яке аз шохаҳои асосии илм  нақши манфии омӯзгорон низ чашмрас мебошад, зеро солҳои охир дарсҳо на ба тавре ки бояд гузашта шаванд, гузаронида мешаванд ва сабаби ин бошад, дар баробари паст будани савияи саводнокии баъзе омӯзгорони фанни математика ва барқароркунии он бо ҳаёту муҳити иҳотакунандаи хонандагон шуда тавонад, боз паст будани назорат аз та-рафи волидон, мақомоти марбута оид ба сифати таҳсилот ва хоҳиши хонданро надоштани хонандагон буда метавонад.

 

Бегмуҳаммад ШОДИЕВ,

омӯзгори  математикаи гимназияи № 1 барои хонандагони болаёқати

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш