Инсоният дар давоми ҳазорсолаҳо ба кашфиёти зиёде ноил гардидааст. Дар байни ин ҳама кашфиёт китоб ва чопи он мавқеи барҷаста дорад. Ин сарчашмаи дониш оламу одамро дигар кард, дар таърихи башарият марҳилаи наверо оғоз бахшид.
Китоб махзани донишҳо гардид, маҳбуби дилҳо шуд, ҳамагонро раҳнамо гашт ва олами маънавии аҳли дунёро густариш бахшид. Дар он ганҷинаи хирад гирд оварда шуд ва маҳз тавассути китоб мероси маънавии хирадмандону эҷодкорон аз насл ба насл, аз замон ба замон интиқол дода шуд. Имрӯз мо тавассути китобҳо аз таърихи ҷаҳон, таърихи халқу миллати худ, аз осори адибони гузашта ва аз бисёр асрори замонҳову маконҳо огаҳӣ пайдо мекунем. Халқи тоҷик, ки табиатан дӯстдору ҳаводори китоб аст, шукргузорӣ аз он менамояд, ки аз ниёгони баруманди худ китобҳои зиёде ба мерос гирифтааст. Эҷодиёти ғанию доманадор ва пурмуҳтавою судманди классикони шарафманду аллома ва сеҳрофарини мо бароямон ба шарофати китобҳо дастрас шудааст. Китоб аз овони офарида шуданаш маҳбуби дилҳо шуд, аз муқаддастарин ашёи ҳар хонандагон гардид ва ҳар як шахс онро бо эҳтиром сари даст мегирифтагӣ шуд. Ниёгони мо бо камоли эътиқоду эҳтиром рӯй ба китоб овардаву онро «аниси кунҷи танҳои»-ву фурӯғи субҳи доноӣ» номидаанд, «устоди бемузду миннат» хондаанд ва таъкид кардаанд:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре
нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре
нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре
Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки дар гузашта душманон аз китобхонаҳои тоҷикон ҳарос доштаанд, онҳоро неруи тавонои маънавии халқ медонистаанд ва чун ба сарзамини аҷдодони мо ҳамлавар мешуданд, нахуст китобхонаҳои онро оташ мезадаанд. Ин як навъ рафтори табиӣ ҳам ҳаст, зеро ҷаҳолат ҳаргиз чашми дидани хирадро надорад, ҷаҳл аз адаб, аз маърифат меҳаросад.
Бисёр сурурбахшу хушоянд аст, ки муҳаббати халқи тоҷик то ба имрӯз нисбат ба китоб коҳиш наёфтаст ва мардуми мо то ҳол китобро бо эҳтиром рӯи даст меоранд, онро мебӯсанд, ба чашм мемоланд, эҳтиёт мекунанду бо муҳаббат варақ мезананд, мехонанд. Одамони бафазл чун дар коре ба монеае дучор меоянд, баҳри рафъи он рӯй ба китоб меоваранд, китобро роҳнамою гиреҳкушои худ медонанд.
Баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар соли гузашта марҳилаи тозаеро дар таърихи китобофаринию китобдӯстӣ ва китобхонии тоҷикон ифтитоҳ намуд. Он сафи дӯстдорони «аниси кунҷи танҳоӣ»-ро афзун сохт ва сатҳи маърифати ҳамагониро боло бурд. Дар андак муддат дар саросари ҷумҳурӣ китобҳои зиёде ба фурӯш рафтанд ва сафи муштариёни китобхонаҳо хеле афзуд.
Шоистаи тазаккур аст, ки минбаъд ин озмуни бонуфуз ва хирадгустар ҳамасола баргузор карда мешавад бо номи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».
Мушоҳида мегардад, ки сафи иштирокдорону довталабони ин озмуни ҷумҳуриявӣ давра ба давра меафзояд ва ин маънои хеле зиёд гаштани теъдоди ҳаводорони китоб ва хонандагони онро дорад.
Халқи соҳибкитоб ва арҷгузори китоб ҳамеша тавонову муваффақ хоҳад буд. Ин он маъноро дорад, ки тоҷикон бо хислати волои китобхониву китобдӯстии худ дар паҳнои таърих ҷовидонӣ фаъолият хоҳанд дошт ва безавол хоҳанд монд.
Зайнура Юсуфова,
устоди Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр