Нашрияи Омӯзгор

«Фурӯғи субҳи доноӣ…» - фурӯғи зиндагӣ гардид

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои устодону донишҷӯён китобхонаи оммавӣ ва электронӣ таъсис дода шудааст.

Айни муддаост, ки баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ва сокинон ба китобхонӣ озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.

- Ман аз баргузории ин озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ бисёр шодам. Иштирок дар озмун тағйироти бузургу ҷиддӣ дар ҳаётам гардида, ҷаҳонбинии маънавиамро тағйир дод. Дар ҳузури шахсиятҳои бузурги илму фарҳанг, шоирону нависандагон баромад кардам ва ба саволҳои онҳо то қадри донишам ҷавоб додам, андеша дорад донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав Сорбон Бобоев. 

 -Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст аст, ки чунин озмун доир мегардад ва банда аз зумраи он ҷавононе мебошам, ки дар озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд намудани адабиёти муосир иштирок намуда, ба гирифтани ифтихорномаву сипоснома ва ҳамчунин, мукофоти пулӣ аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Бохтар, раиси вилояти Хатлон сарфароз гардидам. Ин озмун ба мо, ҷавонони илмдӯсту китобхон заминае шуд баҳри такмил додани дониши хеш ва боз ҳам дар дили мо завқи китобхониро бедор намуд. Дар ҳақиқат, ташкилу баргузории ин озмун ба баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофиза, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар, бой гардонидани захираи луғавӣ, арҷ гузоштан ба ҳадафҳои миллӣ ва эҳсоси ватандорию ватанпарастии насли наврасу ҷавон замина мегузорад» , - мегӯяд Дилноза Амонова донишҷӯйи курси дуюми ихтисоси журналист-тарҷумони донишгоҳ. 

Омӯзишу мушоҳидаҳо маълум намуд, ки сокинони кишвар, хоса наврасону ҷавонон аз ташкил ва ба роҳ мондани чунин озмун изҳори хушнудӣ намуда, бо шавқу завқи баланд ҷиҳати иштироки фаъол доштан дар ин озмун масъулият эҳсос карда, барои риояи талаботи Низомномаи озмун омодагиҳо дида, ба аъзои ҳакамон маҳорату малакаи худро пешниҳод намуданд. Донишҷӯйи курси дуюми ихтисоси рӯзноманигорӣ Шамсулло Муддинов иброз намуд ки:

-Ман ба мутолиаи асарҳои бузургон ва шеъру ғазалҳои гузаштагонамон шавқи зиёд дорам. Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» иштирок кардам. Дар ҳақиқат, дар вақти иштирок донишу малака ва маҳорати худро санҷидам ва бо боварӣ гуфта метавонам, ки баъди иштирок шавқу ҳаваси ман боз ҳам ба китобхонӣ дучанд шуд. Дар се даври озмун иштирок намудам, вале ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ наёфтам, вале ин маро рӯҳафтода накард. Баръакс, ман кӯшиш мекунам, ки барои бой гардидани хазинаи маънавии худ бештар ба китобу китобхонӣ машғул шавам.

Озмун барои мо, ҷавонон, ҳамчун санҷише буд, ки тавонистем дараҷаи дониши худро бисанҷем, гарчанде ки як қисми мо, иштирокчиён, ба даври чорум, яъне ҷумҳуриявӣ роҳхат нагирифтем вале мо кӯшиш менамоем, ки дониши худро сайқал диҳем ва дар озмунҳои дигар боз фаъолона иштирок намоем. Озмун барои мо як дарси хуб ва роҳнамое барои китобхонӣ гардид, ки ҳар яки моро водор месозад, то илмҳои замонаро омӯхта, дар пешрафту гулгулшукуфоии Ватан саҳмгузор бошем ва тамоми ҳунару маҳорати худро дар ин роҳ сарф намоем», - гуфт зимни суҳбат Холнисо Бегонова, донишҷӯи курси дуюми факултаи филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав. 

 Айни ҳол Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати сафарбар намудани донишҷӯён ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, муҳассилин ба устодони пуртаҷриба вобаста шудаанд.

Сангимурод Шарифов,

сардори Маркази

таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш