Нашрияи Омӯзгор

Ифтихори Ватан

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Кормандони Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб  дар ҳамкорӣ бо коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб чорабинии пуршукӯҳеро дар мавзӯи “Саразм-ёдгории бузурги таърихист” баргузор намуданд.  

Дар чорабинӣ муовини директори китобхонаи мазкур  Саодат Абдулҳакимзода дар мавзӯи “Саразми куҳан-ифтихори Ватан” суханронӣ  намуда, аз ҷумла, қайд намуд, ки 31-июли соли 2010 Саразм ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил гардидааст. Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии таҷдиди ёдгории Саразм барои солҳои 2012-2020» қабул шудааст. Ёдгории Саразм таҷассумгари дигаргуниҳои бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва пайдоиши ҳунармандиву кишоварзӣ дар ҳаёти аҷдодони қадими ориёии мо дар асри биринҷӣ ба шумор меравад. Инчунин, ҳозирин суханрониҳои пурмуҳтавои директори генералии осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб Ҳотам Асозода, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳо, лейтенанти  калони  милитсия  Марҷонаи Аҳмадро шунида,  зарур донистанд, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз намоянд, обод гардонанд ва бо онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд муносибат намоянд.

Боиси сарфарозию ифтихори мо, ворисон аст, ки бо шарофати истеъдоду ҳунари волои шаҳрсозию ҳунармандӣ ва маърифати баланди ватанхоҳию меҳанпарастии ниёкони баору номусамон имрӯз моро ҷаҳониён ҳамчун миллати бофарҳангу соҳибтамаддун эътироф менамоянд.      

 

 С. Обидзод,

 директори Китобхонаи оммавии

 вилояти Хатлон ба номи

Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш