Нашрияи Омӯзгор

Саразм дар номаҳои бостон

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Таърихи пуршебу фарози инсоният тӯли дусад ҳазор соли пайдоиш дар кураи замин басо кӯчишу оворагиҳо ва фалокату вайрониҳое аз сар гузаронида, ки бо қавли ҳаким Умари Хайём «ҳар мушти хоки ин даҳри куҳан рухи лоларӯе ё сари шаҳаншоҳест».

Далели собитшудаи таърихи яхбандиҳои бузург, аз ҳазораи 600 то 400, аз 300 то 200 ва аз 100 то 14 ҳазорсолаи то милод ба вуқӯъ омада, нишон медиҳад, ки қавмҳои Ориёӣ дар се давра аз шимол тибқи ривоёти «Ригведо» ва «Бундаҳишт» аз соҳилҳои бузурги дарёи Ардвӣ аз резишгоҳи Ворукаша ба ҷануб кӯчидаанд. Кӯчиши тамаддунҳои ориёӣ бо сабаби табдили иқлим буд, ки дар илм собит шудааст. Ин ҷо далелҳои забоншиносӣ ва этимологию этнографӣ аз ҳамбастагии доираи лексикии забонҳои гурӯҳи ҳиндуаврупоӣ ва чеҳраҳои сапеду дарозрӯя (аспгуна)-и ориёиҳо фаровон аст. Метавон танҳо исми одамону шаҳрҳо ва шумораҳои миқдориро дар таркиби луғавии забонҳои гурӯҳи ҳиндуаврупоӣ қиёс кард, то дарёбем, ки онон решапайванди қавие бо ҳам доранд. Шинохт ва таҳқиқи таърих, руҷӯъ ба давраҳои аз назар пинҳон мондаи гузаштаи халқу миллатҳо, бозтоби чеҳраҳои таърихӣ ва ҳодисаву воқеаҳо дарси бузурги ибрат барои наслҳои навин ва тамоми башарият аст. Омӯзишу таҳқиқи боз як гӯшаи ниҳонмондаи таърихи миллати ботамаддуни тоҷик - Саразми бостонӣ натанҳо комил гаштани донишҳои таърихӣ, этнографӣ, сотсиологӣ ва бостоншиносист, балки қадршиносӣ аз ёдгориҳои таърихии ниёгон, таҳқиқи ҳаёт, фарҳанг ва донишу эътиқоди онон, инчунин, саҳмгузорӣ ба кашфи асрори офариниши ҳаёт, маънои ҳастӣ бо ҷалби кулли донишмандони соҳа аз тамоми ҷаҳон аст. Саразм! Бо чунин ном дар луғатномаҳои муътамад бо маънои сари марзи сабз омада, лекин дар аксари онҳо бо номи «Суғда» ё «Сугуда» чун шаҳри сарсабзе дар наздикии Самарқанд зикр ёфтааст. Дар китоби муқаддаси «Авасто» бар наски (фасли) «Вандидод» Ориёна Вейҷ(аҳ)- Фарохнои Ориёно омада, ки Гава Суғда шаҳрест бо марғзори сабз, ки дар он ҷо Яздон саравлоди инсоният Каюмаритана (Говмард, Гиёҳмард)-ро офаридааст. Дар луғатномаи Муҳаммад Муин омадааст: «Суғд муарраби Сугуда ё Суғда аст, ки он кишвари суғдиён. Шаҳрест дар Мовароуннаҳр наздики Самарқанд, дорои оби фаровон ва дарахтони бисёр».

Муаллифи «Бурҳони қотеъ» Ҳоҷи Халафи Табрезӣ зикр менамояд: «Суғд – замини нишеб, ки оби борон дар он ҷамъ шавад. Номи шаҳрест аз Мовароуннаҳр наздики Самарқанд. Ва он ба Суғди Самарқанд шуҳрат дорад. Онро биҳишти дунё мегӯянд». Дар асари «Осор - ул- боқия» - и донишманди асри даҳуми тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ доир ба урфу одат, забон, дину таомулҳои наврӯзии Суғдиён маълумоти муфассал дода, маркази тамаддуни даврони бостон будани шаҳре бо номи Суғдро дақиқан зикр намудааст. Берунӣ ҷаҳолати арабони бадавӣ ва муборизаи диловарони Суғдро зикр намуда, ки хеле омӯхтанист: «Ман бар ин гумонам, ки эшон низ монанди порсиёну суғдиён дар ин номаҳо ихтилоф доштанд. Ва иллати ин ки мо аз ин ахбор бехабар мондаем, ин аст, ки Қутайба Ибни Муслими Боҳилӣ нависандагону ҳирбадони Хоразму Суғдро аз дами шамшер гузаронид ва он чӣ мактубот ва китобу дафтар доштанд, ҳамаро туъмаи оташ кард». 

Дар таърихнигораҳои юнонӣ Суғд бо шакли «Сугдиануй» ва «Сугдианус», «Согдиана» зикр шуда, доир ба шаҳри ободони қаламрави империяи Ҳахоманишиён будани он маълумот додаанд. Муаллифи «Фарҳанги Онандроҷ» дар боби истилоҳи Суғд маълумоти қобили мулоҳизаро зикр намудааст: «Суғд мавзеест, аз машоҳири вилояти қариб ба Самарқанд, ки онро аз ҷаннати арбааи дунё шумурдаанд. Ва дар хушии обу ҳаво масал аст. Ва дар таворих омада, ки Суғд шаҳри ободу бузург буда ва Шамар номе аз сардорони Яманӣ онро боқаҳр мусаххара кардаву хароб намуда…». Муаллифи китоби бузурги ҷуғрофияшиносӣ дар асри даҳум «Ҳудуд -ул - олам» маълумоти муфассале доир ба дарёву рӯд ва минтақаҳои Вароруду Хуросон оварда, пиромуни дарёе, ки аз кӯҳҳои Бутамон (ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Айнӣ) ба сӯи Суғд, Самарқанд ва Бухоро ҷорист, менигорад: «Аз ӯ (Бутамон) рӯде бикшояд, ки оби Суғд, Самарқанд ва Бухоро аз ин ҷост, миқдори чаҳор фарсанг андар чаҳор фарсанг». Зимнан, дар боби тавсифи шаҳри Самарқанд ва рӯди Бухоро (дарёи Зарафшон) дигар матолиби ҷолиби диққатеро ба миён меорад: «Варғасар, Панҷекас ду шаҳраканд аз Самарқанд бар лаби рӯди Бухоро ниҳода ва қисматгоҳи об бад - ин Варғасар аст». Муҳаммад Ғиёсиддин дар «Ғиёс- ул- луғот» пиромуни шаҳри қадимаи Суғд нигоштааст: «Суғд замини нишеб, ки оби борон дар он ҷамъ шавад ва номи шаҳрест наздикии Самарқанд ва ин шавоҳид аст аз «Бурҳони қотеъ» бо асли хеш». Дар китоби «Сурат-ул- арз»-и Ибни Ҳавкал (асри X) минтақаи Саразми қадим бо истилоҳи Сатканд ва Суғд дар фасли шарҳи навоҳии Мовароуннаҳр чунин омада:«Мовароуннаҳр маҳдуд аст аз Машриқ ба Фомар ва Рашт ва бахше аз сарзамини Ҳинд ба хати мустақим, ки музовири Хуттал аст ва Мағриб ба сарзамини Сузон ва Харлух аз ноҳияи Тароз, ки камонвор ба Вороб ва Сатканд ва Суғд ва Самарқанд ва навоҳии Бухоро то Хоразм кашида шуда ба дарёчаи Хоразм мунтаҳо мешавад». Ҷойи дигар ин муаллиф ба оби Самарқанд бо номи рӯди Суғд ишора намуда, як далели нодири таърихию луғавиро пешниҳод менамояд, ки лоиқи таваҷҷуҳ аст. «Оби Самарқанд аз рӯди Суғд аст, ки аз кӯҳҳои Бутам (н. Масчоҳи кӯҳӣ ва н. Айнӣ) дар пушти Чағониён (н. Ваҳдат ва н.Рашт) сарчашма мегирад ва оби ин рӯд ибтидо дар маҳалле бо номи Ҷан, ки монанди дарёча ва дар атрофи он деҳкадаҳое аст, ҷамъ мешавад. Ин ноҳия Барғар (Фалғар) ном дорад ва аз ин ҷо об дар миёни кӯҳҳо ҳаракат мекунад, то он ки ба Бунҷикат (Панҷакат) ва пас аз он ба Варғусар мерасад ва ин ном ба маънии сарбанд аст ва наҳрҳои Самарқанд аз ин маҳал аз рӯд ҷудо мешавад ва рустоҳое дар ғарби рӯдхона ба ҳам мепайванданд».

Калимаи Варғусар дар забони суғдӣ (яғнобии имрӯз) бо тафсири шоир ва рӯзноманигор Суғдмеҳр ба маънои баландӣ, оғози банди об, сарбанди обиро дорад, ки дар забони имрӯзаи яғнобиён мавриди истифода қарор дорад. Дар луғати этимологии Макс Васмер калимаи ҳиндуаврупоии вар (пар) ба маънои буғшавӣ, саршавии бухоршавии об шарҳ ёфтааст. Мулоҳиза менамоем ба баромади таърихии калимаҳои Варз, Варзиканда, Варзи Манор, Вардак, Варзоб, Варганза, Ваткана ва даҳҳои дигар, ки реша аз вар доранд. Пас Варғусар ё Саразм агар оғози тақсимшавӣ, бухоршавии рӯди Суғд бошад, Бухороб ё Бухоро охири бухоршавии рӯди Суғд аст. Муаллифи «Сурат-ул- арз» зимнан дар бораи Варғусар маълумоти дигари ҷолибтаре меорад: «Масофати рӯди Суғд аз Варғусар то Бухоро, яъне маҳалле, ки наҳрҳои дохили боруи Бухоро аз рӯд муншаъаб (сарозер) мешаванд, шаш рӯз аст ва саросари ин масофат деҳкадаҳое ба ҳам пайваста ва боғҳову наҳрҳост. Ва касе, ки аз кӯҳ ба рӯди Суғд бингарад, саросар сабза мебинад, ки ба ҳам муттасил аст ва дар болои он ҷуз кӯҳандизе сафед, ё қасри баланди гаҷкарда дида намешавад ва бо нудрат замини боир ва холӣ аз сабза ва гиёҳ ба чашм намехӯрад».  Дар «Фарҳанги суғдӣ»- и Бадрузамон Кариб калимаи Варғусар ва Вағбара боғисар, боғи боло, марғсор омада боз ба суроғи он минтақаи сароғози кишту ришт ва фарохнои Суғд Саразм меорад. Дар шоҳасари мондагори «Тоҷикон» аллома Бобоҷон Ғафуров доир ба мадракҳои Суғди бостон Варғусар, Панҷакати қадима, осори хаттию ҳунарии кӯҳи Муғ маълумоти академикии муҳим пешниҳод шудааст.

Ҷашни ҷаҳонии Саразми бостон ва беш аз 5500 сол пеш чун ёдгории беназири даврони энолит ва биринҷии инсоният будани он шоҳиди дигари таърихиест, ки сарзамини биҳиштии Варорӯду Хуросон қадамҷойи нахустини инсони бунёдкору созанда, шаҳрофару бофарҳанг аст.

 

Аминҷон Зарифӣ,

сардори шуъбаи таълими

коллеҷи политехникии

ноҳияи Зафаробод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш