Терроризм рӯйдоди хавфноку манфури замони муосир аст, ки бо шаклҳои мухталиф доман паҳн мекунад.
Ҳамлаҳои террористӣ хисороти зиёди ҷонӣ оварда, барои ҷомеаи инсонӣ дар баробари таҳмили фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин, хисороти молию маънавиро дар пай дорад. Терроризм хушунат, нобоварию бадбиниро миёни кишварҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ тавлид менамояд, ки барои бартарафсозии оқибатҳои он баъзан зиндагии як насл камӣ мекунад.
Ба терроризм гурӯҳҳои алоҳида либоси сиёсӣ мепӯшонанд, ки ин натиҷаи сиёсатбозиҳои бемаънӣ аст. Ин ҳамон гурӯҳҳоеанд, ки барои ба ҳадафҳои шуми худ расидан аз террор истифода карданӣ мешаванд. Қурбонии терроризм метавонад ҳар инсоне, ки ба муноқишаҳо ягон муносибат ва ҳатто рабте надошта бошад, гардад.
Хонандагони мактаб тавассути дарсҳои тарбиявӣ бояд ҳадафҳои шуми террористонро дарк созанду фаҳманд. Барои ин омӯзгор метавонад аз маводи хеле зиёди илмӣ-таҳлилӣ, ки дар шакли китобҳои алоҳида чоп шудаанд, истифода барад. Дар сайтҳои интернетӣ вобаста ба таърихи пайдоиши терроризм, ҳаракатҳои ба терроризм монанд ва ғайра маводи фаровон ба чашм мерасад. Филмҳои мус-танади зиёде низ вуҷуд доранд, ки терроризму ифротгароиро фош месозанд.
Ҳоло ҷаҳони муосир дар муқобили терроризм қарор дорад. Терроризм силоҳи тарсу ваҳм, ғатлу куштор ва нобудсозӣ гаштааст. Ба самъи хонандагони мактаб бояд расонд, ки танҳо дар кишвари арабии Сурия дар давоми соли 2018 наздики панҷоҳ ҳазор нафар террористон безарар гардонида шуданд. Дар сарзаминҳои Сурия ва Ироқ террористон аз тамоми нуқоти ҷаҳон ба ҳам омада буданд. Мақсад ва ҳадафи онҳо барқарор сохти ҳаёти тираву тори асримиёнагӣ буд, бинобар он, давлатеро бо номи «Давлати исломии Ироқу Шом» таъсис дода, фарҳанги ҳазорсолаҳоро, то тавонистанд, аз байн бурданд. Дар ҳудуди Ироқ ҳам террористон вайронаҳои зиёдеро боқӣ гузоштанд. Дар ҳарду кишвар хисороти воридгардида ба миллиардҳо доллар мерасад. Мутобиқи ахбори СММ барои барқарорсозии харобаҳои Сурия ва Ироқ даҳсолаҳо лозим меояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст дар барқарорсозии шаҳрҳои харобгардидаи Сурия ва Ироқ саҳм бигиранд.
Ба омӯзгорон лозим аст, ки кирдори террористону ифротгароёнро ба хонандагон тавзеҳ бахшанд.
Бояд тазаккур дод, ки баъзе расонаҳо надониста, наомӯхта, таҳлил накарда террористонро мутааллиқ ба дини ислом медонанд. Таърихи терроризм собит месозад, ки дар тӯли якуним ҳазор соли пеш, ҳатто қабл аз ислом ҳам террористон дар муборизаашон динҳои вуҷуддоштаро чун сипар истифода мекардаанд. Аз ин нигоҳ, ислом ба терроризм ҳеҷ рабте надорад ва дини ислом терроризм ва ифротгароиро рад карда, ҳар гуна куштори бераҳмонаро маҳкум менамояд.
Солҳои охир неруҳои солими ҷомеа ба хотири муборизаи густурда алайҳи терроризм ва ифротгароӣ муттаҳидтар шуда, кишварҳо дар якҷоягӣ қарорҳои муштарак қабул мекунанд. Ин вокунишҳою чорабиниҳо ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нестанд. Бояд сабабҳои пайдоиш ва густариши терроризмро амиқтар ҷустуҷӯ кард. Ҳар шахси босаводу худогоҳ, дӯстдори ватану миллати хеш ҳеҷ гоҳ ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ шомил намешавад. Мо-омӯзгорон, вазифадорем, ки дар тарбияи маънавӣ ва ватандӯстии ҷавонон кӯшиши бештар ба харҷ диҳем, нагузорем, ки ягон нафар ҷавон аз таълиму тарбия дур ё дар канор бимонад. Он гоҳ бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки мо насли давронсози Ватан ва миллатпарасту башардӯстро ба камол мерасонем.
Санавбар МАЛИКОВА,
директори мактаби №82-и
ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр