Нашрияи Омӯзгор

Пирӯзӣ дар арифметикаи зеҳнӣ

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Дар истироҳатгоҳи тобистонаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Шоҳин», ки дар соҳили Баҳри тоҷик, дар шаҳри Гулистон воқеъ гардидааст, нахустин маротиба дар Тоҷикистон олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ таҳти унвони «GENIUSKID-ASIA 2018» баргузор гардид. 

Тибқи маълумоти академияи арифметикаи зеҳнӣ – “Империяи донишҳо”, барои ширкат дар ин озмун беш аз 200 кӯдаки аз 6 то 16-солаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, аз Россия ва Қирғизистон ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ аз санаи 29 май то 5 июн идома ёфта, дар баробари санҷиши донишу истеъдод довталабон аз мавзеъҳои таърихии шаҳрҳои Гулистон ва Хуҷанди бостонӣ дидан карданд. 

Дар маросими ифтитоҳи олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ширкат варзида, таъкид кард, ки дар Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии толибилмони боистеъдод таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.

Сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода таъкид кард, ки ҷиҳати иштирок дар олимпиадаи байналмиалалии «Арифметикаи менталӣ» ба диёри мо ҷамъ омадани донишмандони наврас - соҳиби истеъдод ва лаёқати бузурги математикӣ воқеаи хеле муҳиму фараҳбахш аст. Ин тадбир, бешубҳа, ба ривоҷи дӯстию бародарӣ, рушди ҳунару маҳорат, дониши иштирокчиён ҳамаҷиҳата мусоидат мекунад.

Ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳи олимпиада директори генералии «Маркази Абакус»-и шаҳри Москва Рустам Багауддинов, директори генералии академияи математикаи менталии Ҷумҳурии Тоҷикистон Коробкина В.В., меҳмонон аз  Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон суханронӣ намуда, барои пазироии самимӣ ба мизбонон арзи сипос намуданд.

Дар ҷамъбасти олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ, ки санаи 4-уми июн баргузор гардид, директори генералии «Маркази Абакус»-и шаҳри Москва Рустам Багауддинов, директории генералии академияи математикаи менталии Ҷумҳурии Тоҷикистон Коробкина В.В., сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода иштирок ва суханронӣ карда, иштирокчиён ва ғолибонро табрику таҳният гуфта, ба онҳо сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар бахши флеш-чемпионат се нафар: Павел Куимов, Абӯбакр Усмонзода ва Богдан Восколович ҳама аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардиданд.

Бо назардошти категория ва синну соли иштирокчиён 11 нафар мақоми аввал, 18 нафар мақоми дуюм ва 18 нафар мақоми сеюмро соҳиб гаштанд. Дар маҷмӯъ, танҳо 13 нафар шаҳрванди хориҷӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гашта, 34 ҷойи дигар насиби иштирокчиёни соҳибистеъдод аз Тоҷикистон гардид. Ғолиби мутлақи олимпиадаи байналмилалӣ низ се нафар толибилми Тоҷикистон: Абӯбакр Усмонзода, Богдан Восколович ва Ҷобирӣ Юсуф гаштанд.  Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон Ҷом, медал, сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш