Нашрияи Омӯзгор

Корҳои безараргардонӣ дар донишгоҳ

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, хоса коронавирус, дар ҷомеа дар асоси нақшаи кории ситоди мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҳисоби гурӯҳҳои ғайринизомии мудофиаи гражданӣ корҳои безараргардонӣ дар тамоми утоқҳои корӣ ва гирду атрофи донишгоҳ гузаронида шуд.

Сардори ситоди донишгоҳ Миралӣ Фозилов зикр намуд, ки дар ин кор устодони факултаи химия ва биология, аъзои ситод ва намояндагони воҳидҳои сохтории донишгоҳ иштирок ва дар кори безараргардонӣ саҳм гузоштанд. Мутахассисони соҳаи тандурустӣ изҳор медоранд, ки пайваста баргузор намудани корҳои безараргардонӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ метавонад дар самти пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, коронавирус мусоидат кунад. 

Сангимурод ШАРИФОВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш