Дар назди шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвози ВМКБ китобхона таъсис дода шуд, ки дорои 4 ҳазор нусха китоби бадею илмӣ мебошад. Як ҳиссаи китобҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шуда, ин амали хайр аз тарафи сокинони ноҳия низ дастгирӣ ёфт. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз Суннатулло Солеҳзода иброз дошт, ки ният доранд, китобхонаи электронӣ низ таъсис диҳанд.
Ҷ.Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр