Нашрияи Омӯзгор

Иҷрои барнома нигаронкунанда аст

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 774        Шарҳ: 0

 

Дар машварати назди раиси ВМКБ дар баробари масъалаҳо оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва омӯзишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Алигавҳар Алигавҳаров, муовини сардори раёсати маорифи вилоят қайд кард, ки аз рӯйи талаботи барномаи мазкур мебоист дар муассисаҳои таълимии вилоят 162 кабинети фаннӣ ташкил мешуд, вале то ҳол ҳамагӣ  47 кабинет муҷаҳҳаз шудаасту халос. Ин Барнома дар ноҳияи Мурғоб тамоман иҷро нашудааст. 

 Шодигул Қонунзода, директори мактаби Президентии шаҳри Хоруғ барои хонандагони болаёқат, изҳор дошт, ки  мактаби мазкур бо кабинетҳои фаннӣ ва омӯзгорони соҳибкасб таъмин аст. Хатмкардагони мактаб дар бонуфузтарин мактабҳои олии кишварҳои дунё таҳсил доранд. Ғарибшоҳ Ғарибшоев, директори филиали Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорон дар ВМКБ, иброз дошт, ки натиҷаи назарсанҷӣ собит намуд, ки 87 фоизи хонандагони мактабҳои вилоят ба омӯзиши фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ  шавқу рағбат надоранд.

Дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон, филиали Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорон дар ВМКБ корҳои шоистаро ба анҷом мерасонад. Мутаассифона, масъулини ноҳияҳои вилоят барои ба бозомӯзӣ фаро гирифтани омӯзгорон маблағҳои ночиз ҷудо мекунанд.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов зикр кард, ки истифодаи самараноки  кабинетҳои фаннӣ омили асосии баланд бардоштани дониши хонандагон мебошад.

Раиси вилоят ба масъулини соҳа супориш дод, ки баҳри бартараф намудани мушкилоти  ҷойдошта дар ин самт ҳамвора талош намоянд. Директори ширкати «Помир энерҷӣ» Далер Ҷумъаев иброз дошт, ки ширкати мазкур дар сохтмону таъмири майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ, муҳайё кардани асбобу анҷоми варзишӣ, таълимдиҳии дарси шоҳмот ва дигар ҷодаҳо саҳм мегузорад.

Ҷ.Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш