Нашрияи Омӯзгор

Ёдгории аҳди бостон

Сана: 2020-05-06        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Саразм-ёдгории қадимаи таърихӣ ва маркази ҳунармандии тоҷикон” баргузор гардид.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Далер Мирпочоев зикр намуд, ки шаҳри Панҷакент бо ёдгории беназири таърихӣ - шаҳраки бостонии Саразм, ки ба Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст, дар ҷаҳон шуҳратёр гаштааст. Осорхонаи шаҳраки қадимаи Саразм соли 1989 таъсис ёфта, бозёфтҳои таърихию фарҳангиеро, ки дар натиҷаи ҳафриёти бисёрсола ба даст омадааст, дар бар мегирад.

Баъдан маърӯзаҳои мудири кафедраи таърихи ватан ва археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷ.Исомиддинов, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров С. Саидов, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон С. Бобоев ва донишҷӯи соли якуми донишкада Манижа Комилова шунида шуданд.

Дар мизи мудаввар саволу ҷавоб, мубодилаи афкор ва масъалагузориҳо сурат гирифт.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш