Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ ва назариявӣ дар мавзӯи “Саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Тоҷикистон: муаммоҳо, таҷриба ва дурнамо” баргузор гардид, ки дар он ҳайати профессорон ва устодони муассиса иштирок варзиданд.
Ҳамоишро директори донишкада Рауф Латифзода ифтитоҳ бахшид. Устодони донишкада И. Каримова дар мавзӯъҳои “Омилҳои баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои саноатӣ”, Г.Содиқова “Организационно-экономические проблемы конкурентоспособности предприятий общественного питания в условиях индустриализации экономики”, С. Ҷӯраева “Нақши хоҷагии манзилию коммуналӣ дар рушди корхонаҳои саноатӣ” ва Ф. Ҳошимов “Неругоҳи барқи-обии Роғун ва саноатикунонии босуръати Тоҷикистон” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Баъдан конфронс кори худро дар бахшҳои алоҳида идома бахшид.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр