Нашрияи Омӯзгор

Ченакҳоро бояд донист

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

Дар илми ҳисоб (арифметика, математика, алгебра) ва ҳам геометрия мафҳуми ченак зиёд истифода бурда мешавад. Зиндагии ҳамарӯзаи инсонҳо бо ченакҳо алоқамандии фаъол дорад.

Ченакҳо намудҳои гуногун доранд: ченаки дарозӣ, ченаки вазн, ченаки сатҳ, ченаки ҳаҷм, ченаки моеъҳо, ченаки баландӣ, ченаки ғунҷоиш ва амсоли инҳо. Омӯхтан ва донистани ченакҳо барои ҳар шахс хеле зарур аст. Он имкон медиҳад, ки мо фаъолиятамонро дуруст ба нақша гирем, вақтамонро сарфа намоем, ба исрофкорӣ роҳ надиҳем, ғалат накунем, меъёрро риоя созем, муваффақ бошем.

Мафҳумҳои метр, километр, миллиметр, сантиметр, детсиметрро, ки аз ҷумлаи ченакҳои дарозианд, мо ҳар рӯз мавриди истифода қарор медиҳем ва ҳадафу нақшаамонро дуруст муайян мекунем. Дар ин маврид бояд донист, ки як километр ҳазор метр асту як метр 100 сантиметр ва як детсиметр даҳ сантиметр …

Донистани ченакҳои вазн низ аҳамияти махсус дорад. Ба ченакҳои вазн мафҳумҳои грамм, миллиграм, килограмм, сентнер, тонна… иртиботманд мебошанд. Маълум, ки як килограмм ҳазор грамм аст, як сентинер сад килограммро ташкил медиҳаду як тонна ба даҳ сентинер ё ба  ҳазор килограмм баробар аст.

Номи ҳамаи намудҳои ченакҳо дар забони мо иқтибосӣ мебошад: метри кубӣ, километр, декометр, гектар, декометри квадратӣ, метр ва ғайраҳо. Лекин тоҷикон бо олимони номвари худ (Хайём, ал - Хоразмӣ, Берунӣ, Маҳмуди Хуҷандӣ, Сино…) дар рушди илми ҳисоб дар сатҳи ҷаҳон нақши шоиста гузоштаанд. Бисёр ислоҳоти илми ҳисоб аз асарҳои олимони риёзидони тоҷик сарчашма гирифтаанд. Худи мафҳуми алгебра баргирифта аз осори илмии ниёгони мо (алҷабр) мебошад. Тоҷикон барои ифодаи ченакҳо мафҳумҳои хоси худро доштанд, ки имрӯз, мутаассифона, зери таъсири истилоҳоти байналмилалии риёзӣ қариб тамоман аз байн рафтаанд ва аҳён – аҳён истифода мешаванд. Инак, номгӯи як силсила аз ченакҳои халқи тоҷикро меорем: ман, нимман, панҷсер, пуд, нимпуд, чаҳоряк, ним чаҳоряк, дирҳам, нимхӯрд, ятимак, ғарибак, мисқол, қират, фарсанг, мил, газ, оринҷ, ваҷаб, қад, хол, фарсах, ҷӯра, таноб, қадоқ…

Як ман (ченаки вазн) ба 128 кг баробар аст, як пуд 16 кг-ро ташкил медиҳад, як қадақ 409 грамм мебошад. Як мисқол 12 гр, як ятимак 500 гр. ва як ғарибак 250 грамм аст…

Як фарсанг (ченаки дарозӣ) тақрибан ба 6-7 км баробар меояду як мил 2,5 км-ро ташкил медиҳад. Як газ (матоъ) 91, 5 см мебошад ва як хол 1 сантиметр аст.

Дар ченакҳои халқии тоҷикӣ, ҳамчунин, ифодаҳои якрӯза роҳ, як каф, як пуштора, як хез, як дам, як нафас… истифода мешаванд, ки бо ченакҳои муайян (масалан, якрӯза роҳ 40-45 км) алоқамандӣ доранд.

Ченакҳои халқии тоҷикӣ як навъ дороии маънавию забонии миллатанд ва аз ин рӯ, онҳоро омӯхтану донистан ва ба қадри имкон истифода бурдан аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. 

 

Маҳина Абдуллоева,

омӯзгори риёзии гимназияи «Низомӣ»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш