Нашрияи Омӯзгор

Бе дарди дил мабош!

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Дар ҳама давру замон мусибату фоҷеа ва бадбахтиҳои ногаҳоние, аз қабили ҳодисаҳои табии фалокатзо (селу обхезӣ, заминларза, мадду  ҷазр ва ғ.), бемориҳои гуногуни фарогир, ки ба сари бани башар меомаданд, одамонро беихтиёр бо ҳам муттаҳид мекарданд (сарфи назар аз мазҳабу дину эътиқод, нажоду миллат ва амсоли ин). Оташи ҳама гуна  ниятҳои бадманишона ва  кинситезию алорағми ҳамдигар мубориза бурданҳо дар байни инсоният тадриҷан хомӯш гардида, ҷойи онро меҳру самимият, ҳамдардию дилсӯзӣ ва рафиқи шафиқи якдигар будан гирифта, эшонро дар истодагарию муқовимат ва талошу пайкор баҳри маҳву рафъ сохтани кулли касолату маризиҳо раҳнамун  мекарданд. Манзур аз ин муқаддимаи мухтасар он аст, ки имрӯз низ ба сари инсоният хатари даҳшатзое бо исми бемории Коронавирус (Ковид- 19) ҳамл гардидааст, ки паёмадҳои ногуворе дошта, ба марги одамон оварда мерасонад. Аммо ҷараёни  тақвияту густариши ин беморӣ дар ҷамеи кишвару мамлакатҳо бозгӯйи он аст, ки ҷиҳати камрангу нотавон сохтани ин вируси ҳамахор аҳли хирад ва донишмандон аз тамоми имконоту шароит истифода мекунанд. Хусусан, олимону муҳаққиқон бо заҳмати шабурӯзӣ дар пайи дарёфту ҷустуҷӯйи доруҳои зиддивирусӣ мебошанд, ки ҷони инсонҳоро аз хатари балохез раҳо бахшанд. Пизишкон аз зумраи нафароне мебошанд, ки тамоми нерую ғайрати худро баҳри дифои саломатии мардум сарф мекунанд.

Дар кишвари мо зуҳур намудани ин беморӣ мавҷи шубҳаву гумон, андешаҳои мухталиф ва овозаю ҳангомаҳои беасосро ба бор овард, ки ин як раванди маъмулист ва ҷойи фикри зиёд ҳам надорад. Аммо сухан сари он масъала меравад, ки дар доираҳои гуногуни сиёсии хориҷии моҷароҷӯю нифоқангез, ки ба ҳеҷ ваҷҳ оромию сулҳу суботи Тоҷикистонро намехостанду намехоҳанд, ҳақиқати воқеиро таҳриф карда, ба муболиға роҳ медиҳанд ва бо кӯшиши фоҷиасозӣ аз бемории Ковид-19 афкори мардумро мунҳариф ва авзоъро муташанниҷ сохтанӣ мешаванд. Ҳароина, касе инкор намекунад, ки ин беморӣ фоҷиаю даҳшати умумиҷаҳонист, вале аз қавли мардумӣ, «ба болои сӯхта намакоб» бо аз таҳи нохун чирк кофтану сиёҳ кардани Ҳукумат ва барангехтани ихтилоф рӯзи одамонро набояд тиратар кард. Дар суханронии худ бахшида ба 75-умин солгарди рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварию эътимод қайд карданд, ки халқи тоҷик даҳшату фоҷиа ва рӯзҳои сиёҳу талхи зиёдеро борҳо пушти сар намудааст ва ин бемории даҳшатзоро низ бо иродату рӯҳи воло паси сар хоҳад кард. Имрӯз миллату халқиятҳои дӯст ва бародар дасти кумак ба мо дароз намудаанд. Аз қавли Саъдии бузургвор, «бани одам аъзои якдигаранд». Аммо ҳамин дастгирию ғамхорӣ низ чашми душманони ғоявии  кишвари моро хира кардааст, чун онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ тобу тавони дидан ва таҳаммули ин  муттаҳидию рафоқати миллатҳои дӯст (хусусан, ӯзбекону тоҷиконро) надоранд.

Шармашон бод! Дар «Авесто» наку омада: кирдори нек, рафтори нек, пиндори нек.

Аз бадбинону кӯрботинони миллати тоҷик мехостам бо сафою сидқ аз ҳамин шиор пайравӣ кунанд ва дар чунин лаҳзаҳои вазнин забон ба дасисаю иғво накушоянд, ки оқибаташ ҳамон масали «чоҳкан – зери чоҳ»-ро дорад.

Шодӣ Раҷабзод,

рӯзноманигор, адиб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш