Нашрияи Омӯзгор

Рамазон Одиназода: Музди меҳнати омӯзгорон пардохт мешавад

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 866        Шарҳ: 0

Тавре огаҳем, тайи чанд муддати охир дар тамоми ҷаҳон бемории коронавирус (KOVID-19) васеъ паҳн гардида, сабаби фавти одамон низ шудааст. Дар ҳар як кишвар вобаста ба пешгирӣ аз сирояти вирус корҳои мушаххас анҷом дода мешаванд, аз ҷумла, дар Тоҷикистон Ситоди чумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавӣ ва сирояти коронавирус таъсис ёфтааст.

Чанде пеш бо қарори ситоди мазкур ҷиҳати ҳифзи ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан, кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ҳамчунин, барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2, 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз 27-уми апрел то 10-уми майи соли равон муваққатан таътил эълон гардида, баъдан (30-юми апрел) он то 17-уми августи соли ҷорӣ тамдид гардид.

Дар робита ба пардохти музди меҳнати омӯзгорон, рухсатпулӣ ва дигар маблағҳо дар ин давра бо раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Одиназода суҳбат оростем.

- Бо оғози таътили ғайриинтизор дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ сару садоҳое баланд шуданд, ки гӯё дар ин айём маоши омӯзгорон пардохт намешавад.

- Пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва илм дар доираи шарикии иҷтимоӣ зери таваҷҷуҳи доимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тибқи нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020, дар ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли равон вазъи пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф дар семоҳаи якуми соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифт ва оид ба бартарафсозии камбудиҳо ва саривақт пардохт намудани музди меҳнати кормандони соҳа қарори дахлдор ба тасвиб расонида шуд. Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки ҳар моҳ аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи пардохти музди меҳнати кормандони соҳа пайгирӣ карда мешавад. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар кӯтоҳтарин фурсат қарздории ба миёномада бартараф карда мешавад. Тавре ишора кардед, хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуда, идомаи таҳсил аз 17-уми августи соли 2020 оғоз мешавад. Илова бар ин, аз 10-уми майи соли равон донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ низ ба таътил баромаданд. Вобаста ба таътил дар ҳама зинаҳои таҳсилот дар бархе аз саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ, аз қабили фейсбук оид ба ин вазъ ва шароити пардохти музди меҳнат, иловапулиҳо, рухсатиҳои меҳнатӣ, пардохти маблағи шартномаи таҳсил, боздошти қисме аз музди меҳнат аз тарафи корбарон овозаҳои беасос паҳн гардида, то ҷое кормандони соҳаи маориф ва илмро нигарон намуданд. Бо боварӣ мегӯям, ки музди меҳнат, иловапулиҳо ба то баромадан ба рухсатии меҳнатӣ тибқи “Тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф”, вобаста аз тахассус, маълумот ва соати дарсӣ, иловапулӣ барои тафтиши дафтар, мудири кабинет ва роҳбарии синф пардохт мешавад. Таътили муваққатие, ки то санаи 10 май эълон гардид, ба таътили муқаррарӣ вобастагӣ надорад. Зеро ин таътили муваққатӣ вобаста ба пандемияи коронавирус (COVID-19) ба миён омад. Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба дар кишвар ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятӣ ба санадҳои қонунгузорӣ асос ёфта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории меҳнат, аз ҷумла, назорати пардохти саривақтии музди меҳнат маҳз ба дӯши ин ниҳод вогузор шудааст. Барои сари вақт пардохт намудани музди меҳнат дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, дар доираи вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ  тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.

Пардохти саривақтии музди меҳнат, пеш аз ҳама, ба татбиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои созишнома, шартномаҳои коллективӣ ва меҳнатӣ аз тарафи корфармоён ва  ва таъмини иҷрои саривақтии бандҳои Протоколи ҷаласаи Кумитаи ҷумҳуриявии мусоидат бо шуғли аҳолӣ аз 13.11.2019, №6/25-80 вобастагии зиёд дорад.

Тибқи сархати якуми банди 5-и Протоколи ҷаласаи Кумитаи ҷумҳуриявии мусоидат бо шуғли аҳолӣ аз 13.11.2019, №6/25-80, ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки фаъолиятро дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат тақвият дода, дар маҷлисҳои ситоди корӣ вазъи пардохти саривақтии музди меҳнат ва рухсатиҳои соҳаи иқтисодиёт, махсусан, соҳаи маорифро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Бояд таъкид кунам, ки вазъи пардохти музди меҳнати кормандон зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо дастури Сарвари кишвар Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳ оид ба қарздории музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориши дахлдор медиҳад ва ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар ҷаласаҳои кории ситодҳо бартарафсозии вазъи пардохти музди меҳнатро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Зеро тибқи талаботи сархати чоруми қисми 2, моддаи 19-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор аст, ки сари вақт ва дар ҳаҷми пурра ба корманд музди меҳнат ва дигар иловапулиҳоро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои меҳнатӣ, коллективӣ, санадҳои корфармо пешбинӣ намудаанд, пардохт намояд.

Аз ин рӯ,  кормандони соҳаи маориф ва илм бояд дилпур бошанд, ки музди меҳнат, иловапулиҳо, рухсатиҳои меҳнатияшон дар ҳама зинаҳои таҳсилот пурра пардохт карда мешаванд ва раванди пардохти онҳо таҳти назорати қатъии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

-Яъне, ин овозаҳо асос надоранд?

- Не, асос надоранд. Бояд қайд намуд, ки мо дар ҷомеаи иттилоотӣ қарор дорем. Ҳар як иттилооти дурӯғ ё нодуруст метавонад ба ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Он иттилооти носаҳеҳ, ки гӯё вобаста ба вазъи ногувори молиявӣ маблағи рухсатипулиҳо пардохт карда намешавад, воқеият надорад. Зеро Ҳукумати кишвар оид ба вазъи буҳрони молиявӣ тадбирҳои мушаххас ва судмандеро рӯйи кор гирифтааст. 

- Аксари омӯзгорон аз он изҳори ташвиш мекунанд, ки дар шароити имрӯза гӯё онҳоро аз сафи кормандони муассисаҳои таълимӣ ихтисор мекардаанд...

- Паҳн шудани чунин овозаҳо, яъне, ихтисори кормандон дар муассисаҳои таълимии кишвар аз нигоҳи иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар шароити пандемия комилан беасос мебошад. Зеро тибқи  Созишномаи соҳавии байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисори беасоси кормандон аз нигоҳи иҷтимоӣ-иқтисодӣ қатъиян манъ аст. Дар давраи таътили тобистона ба кормандони соҳа бо мақсади сарфаи маблағ додани рухсатии бемузд ғайри хоҳиши онҳо мумкин нест. Давомнокии аниқ ва шартҳои додани рухсатии иловагии меҳнатӣ дар шартномаҳои коллективии байни корфармо ва иттифоқи касабаи муассисаҳои соҳа муайян гардидааст. Дар муассисаҳои соҳа  ба кормандон барои собиқаи кории бардавом, рухсатии иловагии музднок пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар шароти пандемияи коронавирус (COVID-19) ва дигар ҳолатҳои зарурии истеҳсолӣ, ҳангоми аз рухсатии меҳнатӣ бозхонд шудани корманд розигии корманд ва иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама ҳолат, махсусан, дар чунин вазъияти изтирорӣ пардохти саривақтии музди меҳнат, иловапулиҳо, рухсатиҳои меҳнатии кормандони соҳаи маорифро мунтазам пайгирӣ менамояд, зеро  омӯзгорон на танҳо дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватан ва давлату миллат нақши калидӣ доранд, балки дар ин давраи ҳассос ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус (COVID-19) дар кишвари азизамон талош доранд.

- Агар корфармо-роҳбари муассисаи таълимӣ бо сабабҳои гуногун аз пардохти музди маош саркашӣ намояд, омӯзгор дар ин ҳолат ба куҷо муроҷиат карда метавонад?  

- Тибқи талаботи қисми 1, моддаи 140-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо сарфи назар аз вазъи молиявияш вазифадор аст, ки ба корманд барои кори иҷронамудааш музди меҳнати муқарраршударо пардохт намояд. Тибқи талаботи қисми 2, моддаи 158-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар музди меҳнат бо гуноҳи корфармо аз муҳлати муқарраргардида дертар пардохт карда шавад, ӯ вазифадор аст, ба андозаи нархи баҳраи бонк, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рӯзи пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рӯзи таъхири пардохти маош маблағи иловагӣ диҳад. Аз тарафи дигар,  корфамое, ки барои сари вақт напардохтани музди меҳнат ҷавобгар аст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.

Аз ин рӯ,  кормандони соҳаи маориф ва илм бояд дилпур бошанд, ки музди меҳнат, иловапулиҳо, рухсатиҳои меҳнатиашон пурра пардохт карда мешаванд ва раванди пардохти он таҳти назорати қатъии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мегирад.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кормандони соҳа хоҳиш менамояд, ки дар сурати  сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнат, иловапулиҳо, рухсатиҳои меҳнатӣ омӯзгорон бо зикри ному насаб, маълумоти саҳеҳ ба телефонҳои боварии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон-227-76-86 ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон-238-55-80 муроҷиат намоянд.

PS: Дар шумораи оянда дар бораи пардохти маблағи таҳсили хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ маълумоти муфассал ва мушаххас пешниҳод мегардад.

Мусоҳиб

Дилафрӯз Қурбонӣ,

“Омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш