Нашрияи Омӯзгор

Ба муроди дили халқ бояд зист

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 864        Шарҳ: 0

 

Муродилло Нуруллоев 15 - уми ноябри соли 1953 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1980 факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1980 ба ҳайси лаборанти калони кафедраи оптика ва спектроскопияи факултаи физикаи ДМТ оғоз бахшидааст. Аз соли 1980 то соли 1997 дар вазифаҳои лаборанти калон (1980-1981), мудири лабораторияи таълимии факултаи физикаи ДМТ (1981-1983), аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи оптика ва спектроскопияи факултаи физикаи ДМТ (1983-1986), ходими илмӣ ва  ходими калони илмӣ (1986-1990), муаллими калон, сипас, иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи оптика ва спектроскопияи факултаи физикаи ДМТ (1990-1993), докторанти кафедраи оптика ва спектроскопияи факултаи физикаи ДМТ (1993-1996), муовини ректори ДМТ оид ба илм (1996-1997), сардори шуъбаи илм ва табъу нашри Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2003), ҳамзамон, дотсенти кафедраи оптика ва спектроскопияи факултаи физикаи ДМТ (2000-2003), сардори шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии Хадамоти давлатии аттестатсионии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2003 то лаҳзаҳои охири ҳаёт дар вазифаи профессори кафедраи оптика ва спектроскопияи факултаи физикаи ДМТ кор кардааст.

Зиндагӣ борҳо исбот кардааст, ки ҳама касбу кор дар баробари махсусиятҳо мушкилоти худро низ дорад. Хушбахтона, саҳми профессор М.Нуруллоев дар ҷодаи илм низ назаррас мебошад. Ӯ дар мавзӯи «Межмолекулярные взаимодействия в жидком  морфолине и его растворах по данным инфракрасной спектроскопии» соли 1987 рисолаи номзадӣ ва соли 2002 дар мавзӯи «Влияние замещения на спектроскопические и донорно-акцепторные свойства органических соединений различного класса» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Муаллифи зиёда аз 150 мақолаи илмӣ, китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ мебошад. Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсонаш дар соҳаи илму маориф ва тарбияи ҷавонон бо нишони «Аълочии  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадршиносӣ шудааст.  Профессор М.Нуруллоев 23-юми сентябри соли 2018 ин дунёро тарк гуфт.

Ҳарчанд ки устод имрӯз миёни мо, шогирдон, набошад ҳам, заҳматҳои кашидаи ӯ дар роҳи илм, саҳми беандозааш дар пешрафти соҳаи маорифи кишвар ва тарбияи ҷавонон номашро дар саҳифаи таърих абадӣ мемонад.

Сироҷиддини ЭМОМАЛӢ,

доктори илмҳои филологӣ, декани факултаи

филологияи ДМТ,

Меҳрдод ЁРОВ,

корманди техникии

Комиссияи олии аттестатсионии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш