11 май дили устоди мактабшинос, маорифпарвари фарҳехта, инсони шарифу фарҳангӣ, фидоии соҳаи маориф, муаллими муаллимон ва ҳомии омӯзгорони ҷумҳурӣ Ҳабиб Искандаров бар асари бемории сактаи мағзӣ аз тапидан бозмонд.
Ҳабиб Искандаров 15 марти соли 1930 дар деҳаи Бодомтуи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таваллуд шудааст. Падараш Искандар Исматуллоев, модараш Фариштамоҳ Бобоёқубова аз ҷумлаи шахсони бофаросат ва муътабари деҳа ба шумор мерафтанд. Ҳабиб дар хурдӣ аз волидон ятим монда, бо ғамхориҳои Ҳукумати Шӯравӣ ба таҳсил ҷалб гардида, аз соли 1940 дар мактаби ҳафтсолаи зодгоҳ, минбаъд дар мактаб- интернати деҳаи Саричашма таълиму тарбия гирифт. Соли 1955 ба шуъбаи ғоибонаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб дохил шуд. Баъди хатми донишгоҳ дар мактаби миёнаи ба номи Карл Маркси ноҳияи Муъминобод ба ҳайси омӯзгор ба кор оғоз сар кард. Солҳои 1953 - 1955 дар мактабҳои навоҳии Восеъ ва Муъминобод, солҳои 1955-1964 дар шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб фаъолияти педагогиашро идома дод. Чун фаъолияти хуб ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дошт, ӯро ба Вазорати маориф ба кор даъват карданд. Аз соли 1964 ба сифати сардори раёсати мактабҳои миёнаи ВМ, аз соли 1975 ба сифати мудири шуъбаи маорифи шаҳри Душанбе кор кард. Аз соли 1975 то соли 1986 дар Вазорати маориф дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуд. Аз соли 1986 то соли 2012 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маориф, то соли 2015 дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони шаҳри Душанбе аз таҷрибаи худ ба муаллимону роҳбарони мактабҳо ва кормандони шуъбаҳои маориф сабақ омӯзонидааст.
Дар ин муддат бо иҷрои чандин вазифаи ҷамъиятӣ, аз ҷумла, депутати шаҳрӣ сазовори мукофотҳои арзишманд гардид. Устод Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи ҶТ, Аълочии маорифи ИҶШС, барандаи Ҷоизаи Президенти ҶТ дар соҳаи маориф буд ва медалу ифтихорномаҳояш хеле зиёданд.
Ҳабиб Искандаров ҳамчун омӯзгору олиму эҷодкори асил муаллифи силсилаи бардавоми мақолаву рисолаҳо оид ба умдатарин масоили мактабу маориф мебошад. Асарҳои эҷодкардаи ӯ зиёда аз 50 ададро ташкил медиҳанд. Китоби 50-уми устод бо номи “ҳикмати рӯзгор” дар ҳаҷми 600 саҳифа бо дастгирии устодони маъруф Муҳаммадюсуф Имомзода ва Фарҳод Раҳимӣ ба табъ расид. Китоби 51-уми ин фидоии соҳаи маориф бо номи “Садои қалбҳои бедор” дар дасти чоп аст.
Дареғи даргузашти нафаре, ки фаъолияташ барои кулли маорифчиён мактаби бузурги омӯзиши таҷрибаи пешқадам ба ҳисоб мерафт. Ин маврид ҳамтаманнои адиб ва рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ мешавем, ки гуфтааст:
Бихоҳам аз барои аҳли таълим
Футӯҳу нусрати дигар биёяд.
Ба майдони маориф боз чанде
Ҳабибуллоҳи Искандар биёяд!
Алвидоъ, устоди азиз!
Кормандони дастгоҳи
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Кумитаи иттифоқҳои касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ,
ҳайати кормандони нашрияҳои соҳаи маориф ва илми кишвар
Иловакунӣ
Иловакунии фикр