Нашрияи Омӯзгор

Ғамхору раҳнамо

Сана: 2018-06-06        Дида шуд: 746        Шарҳ: 0

Хизматҳои устод Садриддин Айнӣ дар ташаккули забону адабиёт, илму фарҳанг ва давлатдории тоҷикон басо бузургу арзишманд мебошад.

Айниро ҳамчун олим, шоир, нависанда, ва рӯзноманигори забардаст на танҳо дар қаламрави тоҷикон, балки дар бисёр манотиқи олам мешиносанд.

Дар баробари пешбурди фаъолияти густурдаю гуногунҷабҳа ин марди шариф устоди меҳрубону ғамхор ва сахтгиру серталаби бисёр шоирону нависандагон ва олимони ҷавон буданд. Қаламкашони варзида чун Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толис, Раҳим Ҳошим, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Аҳрорӣ, Мирзо Турсунзода, Холиқ Мирзозода, Мирсаид Миршакар, Расул Ҳодизода, Лутфулло Бузургзода ва дигарон маҳз аз файзи таълиму тарбия ва ғамхорию дастгириҳои падаронаю бародаронаи Айнии бузургвор ба қуллаҳои баланди илм ва муваффақиятҳои эҷодӣ ноил гардидаанд.  Илова бар ин, бисёр шоирону адабиётшиносони ӯзбек, аз ҷумла, Ҳамид Олимҷон, Воҳид Абдулло, Иброҳим Муъминов ва ғайраҳо аввалин шеъру навиштаҳояшонро ба устод Айнӣ нишон дода, аз маслиҳатҳои беғаразонаи он кас баҳравар гаштаанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳар як кору пайкор ва эҷоду эъҷози Садриддин Айнӣ  мактаби бузургест, ки   ҷанбаъҳои бешумори омӯхтанӣ дорад. Далелу маъхазҳо нишон медиҳанд, ки дар радифи хизматҳои шоён ба халқу диёр  фаъолияти мураббигии устод   муассиру назаррас аст.     

Устод бо вуҷуди серкорӣ, пирӣ ва парешонҳолию беморӣ навиштаҳои ҳар як шогирдашонро бо диққати тамом  мехонданд. Ҳамчун донандаи беназири забони тоҷикӣ сари ҳар як калима ва таркибу ибораҳо мӯйшикофона андешида, ибрози назар менамуданд.  Аксари шогирдони Айнӣ дар хотироту ёддоштҳо, дар шеъру достонҳояшон аз заҳматҳою сабақҳои  устоди баруманди худ- пири суханварони адабиёти навини тоҷик бо ихлосу самимият ва муҳаббату эҳтиром ёдоварӣ кардаанд.

Устод Айнӣ аз шогирдон гаштаву баргашта талаб менамуданд, ки ба тоза нигоҳ доштани забони адабӣ, ғанӣ гардонидани таркиби луғавии он аз ҳисоби забони зиндаи халқ диққати ҷиддӣ диҳанд.

...Мирсаид Миршакар дар асари хотиравиаш, ки “Ёди ёри меҳрубон” ном гирифтааст, менависад:“Дар як маҷлис сухан аз забони адабӣ ба миён омад. Ҳар ду устод (Айнӣ ва Лоҳутӣ) дар ташвиш буданд, ки забони адибони ҷавон камбағал аст ва ҷавонон барои ғанӣ кардани он кам мекӯшанд...  Устод Айнӣ гуфтанд:

 - Бародарон, як замон забони адабии мо, ки устоди он Абӯабдуллоҳи Рӯдакист, тоҷи сари форсизабонони дунё буд. Армон ва орзуи ман ҳамин аст, ки забони адабии тоҷикро аз нав барқарор бинам, асарҳои шуморо, ки бо забони ширину фасеҳу равони тоҷик навишта шудаанд, бо завқ хонам...

Дар ин маврид ба рухсори пурчини Айнӣ ашк ҷорӣ мешавад”.

 

Манзура Ҳоҷизода,

омӯзгори мактаби №25,

шаҳри Исфара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш