Нашрияи Омӯзгор

Оё медонед, ки…

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 814        Шарҳ: 0

 

Дарахти аз ҳама калони шинокунанда дар ҷаҳон савсани обӣ (нилуфар) –  виктория мебошад. Баргҳои ин дарахти азимҷусса то 2 метр бар дошта, дар болои он кӯдаки 35 килограмм вазндошта бемалол нишаста метавонад. Гулҳои виктория ҳам бисёр калонанд. Ин дарахт дар дарёи дарозтарину серобтарини Америкаи Ҷанубӣ  - Амазонка месабзад.

***

Ҷойи аз ҳама гармтарини Замин дар наздикии Триполӣ дар Ливия (Африқо) воқеъ аст. Дар ин ҷо гармӣ дар соя 58 дараҷаро ташкил медиҳад.

***

Одам зиёда аз 100 000 000 000 000 (сад триллион) ҳуҷайра дорад. Фили калонҷусса бошад, тахминан 6500 000 000 000 000 (шасту панҷ квадриллион)  ҳуҷайра дорад. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки фил назар  ба одам 6, 5 баробар зиёд ҳуҷайра  дорад.

***

Растаниҳои обии аз ҳама калонтарини баҳрӣ то 100 метр дароз мешаванд. Як қисмашон дар таги баҳр сахт часпидаанд, қисми дигарашон доимо шинокунандаанд. Ранги онҳо сабз, сурх, кабуд ва қаҳваранг мешавад. Қобили қайд аст, ки аз 33 намуди синфи растаниҳои кураи замин 18 – тоашро растаниҳои баҳрӣ  ташкил медиҳанд.

***

Дар собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ зани аз ҳама дарозумр зиндагӣ кардааст. Вай Тебзе Абзиеваи осетин мебошад, ки 180 сол умр ба сар бурдааст.

***

Моҳи майи соли 1934 деҳқонзани  камбағали Канада Олива Дионна панҷ духтар таваллуд кард. Чортои онҳо ҳоло 86 - солаанд. Яке аз онҳо дар 40 – солагиаш вафот карда буд. 

 

Таҳияи  Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш