Нашрияи Омӯзгор

Хабаркашӣ ва оқибати он

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 830        Шарҳ: 0

 

Тавре маълум аст, мо-омӯзгорон бо хонандагон ҳафтае як бор соати тарбиявӣ мегузаронем. Ба наздикӣ дар синфи 4-ум дар мавзӯи “ Хабаркашӣ ва оқибати он” ба шогирдон қиссаеро нақл намудам.

“Дар сарзамине шоҳе бо номи Ёсин ҳукмрон буд. Ёсиншоҳ вазири дурӯяе дошт бо номи Аброр. Бародари Аброр Рамили доно ва хирадманд низ дар дарбори шоҳ хизмат мекард. Рӯзе марде мусофиреро ба дарбори шоҳ оварданд. Ёсиншоҳ аз ӯ пурсид:

-Шумо кистед ва чӣ ном доред?

-Номам Ардашер аст, аз шаҳри Саламия омадам.

Шоҳ гуфт:

-Чаро ба мулки ман рӯ овардӣ?

-Ба сарзамини шумо барои тиҷорат омадам ва хоҳишмандам, ки маро иҷозат диҳед.

Шоҳ гуфт:

-Ман иҷозат медиҳам, ки дар ватани мо тиҷорат кунӣ ва бо мо дӯст шавӣ!

Шоҳ ба вазир мегӯяд:

-Барои дӯстам шароит муҳайё кун!

Вазир ҷавоб дод:

- Хуб шудааст, тақсирам.

Рӯзҳою ҳафтаҳо мегузаранд... Шоҳу марди мусофир дӯстони қарин мешаванд. Онҳо соатҳои дароз бо ҳам суҳбат мекарданд.

Вазир ба дӯстии онҳо ҳасад мебарад ва дар фикр фурӯ рафта, ба худ мегӯяд: “ Ман бояд ба дӯстии шоҳу марди мусофир халал расонам.” Ба бародараш Рамил низ дарди дил карда, чунин мегӯяд: 

- Ин марди мусофир акнун барои шоҳ дӯсти беҳтарин шуд. Шояд пас аз чанде шоҳ ӯро вазир таъйин кунад. То интиқом нагирам, ором намешавам.

Рамил оромона ҷавоб дод:

- Бародари азизам, илтимос мекунам, ки ин хаёлро аз сарат дур кун.

Вале вазир-Аброр ба бародараш гӯш надода, нақшаи интиқом кашид. Ӯ ба пеши шоҳ рафта, арз кард:

-Шоҳаншоҳам, ман хабари хавотирангезеро шунидаам. Ардашер мехоҳад, шуморо сарнагун кунад ва худ шоҳи ин диёр шавад.

Шоҳ дар ибтидо ҳеҷ бовар накард, ки дӯсташ ба ӯ хиёнат карданист, аммо вазир бо ҳарфҳои бофтаву бо қавлу қасамҳои дурӯғин бовараш кунонд. Вазир хурсандона аз назди шоҳ берун мешавад ва Ардашерро ба пеши худ хонда, мегӯяд, ки шоҳ мехоҳад аз шумо андози зиёд гирад. Ардашер ба фикр афтод, ки чӣ гуна дӯсти беҳтаринаш метавонад аз ӯ андози гарон биситонад.                                     

Аброри вазир дудилагии ӯро дида, илова кард, ки шоҳ мехоҳад ҳамин бегоҳ бо ӯ мулоқот кунад.

Ардашер ноилоҷ назди шоҳ рафт. Дар байни шоҳ ва дӯсти меҳмонаш моҷаро хест. Шоҳ дар ғазаб шуда, ӯро аз дарбораш ронд. Ардашер аз ин сарзамин баромада рафт ва бо ҳамин риштаи дӯстии байни шоҳ ва марди мусофир канда шуд.

Вазир хурсандона ба бародараш гуфт:

-Ман муваффақ гаштам, ки шоҳ ва Ардашерро бо ҳам душман кунам. Бародараш Рамил норозиёна сар ҷунбонда, аз назди Аброр баромада рафт...”

Дар ин ҷо ба хонандагон пешниҳод намудам, ки биёед, қиссаро ба саҳна гузорем. Хонандагон ҳар яке иҷрои нақши шоҳ, марди мусофир ва бародари вазирро интихоб намуданд, вале касе иҷрои нақши вазирро ба зимма намегирифт. Пурсидам, ки чаро нақши Аброрро ягон кас иҷро намекунад?

Хонандагон бо як овоз ҷавоб доданд:

- Ӯ хислати бад дорад, одами хабаркаш аст.

Бо хоҳиши зиёд яке аз шогирдонам-Насимҷон ноилоҷ розӣ шуд, ки нақши вазирро иҷро кунад. Аз ин ҷо хулоса баровардам, ки шогирдонам хурд ҳам бошанд, хислатҳои хубу бадро аз ҳамдигар фарқ карда метавонанд.  

Ғ. Соҳибназарова,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №16-и

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш