Нашрияи Омӯзгор

Ғолибон муайян гардиданд

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Чанде қабл дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва  мактаб-интернати ноҳияи Вахш даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, ки дар он 245 нафар иштирок намуда, 29 довталаб ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Сипас, дар мактаби №56-и ноҳия даври дуюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён ёфт.

Хонандагони таълимгоҳи №48 Маҳбуба Тӯйчиева, мактаб – интернати ноҳия Ёдгор Бекмуродов ва мактаби №7 Сарвиноз Насриддинова шеърҳои тозаэҷодашонро қироат намуда, дар сафи ғолибон ҷой гирифтанд.

 Аъзам Бобоев,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш