Нашрияи Омӯзгор

Обрӯ аз меҳнат аст

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

Баъди дарс чанд нафар хонанда дар саҳни ҳавлии мактаб суҳбат дош-танд. Омӯзгоре онҳоро дида, бо тааҷҷуб пурсид:

-Дарсҳоятон тамом нашудааст?

-Дарс ба охир расидааст, устод, - гуфт яке ва илова кард: -Имрӯз аз фанни алгебра, аз омӯзгор Икром Холиқов дарси иловагӣ дорем.

-Аҳсан, аҳсан, - изҳор кард муаллим, - пайваста хондан даркор, танҳо дар сурати омӯзиши ҳамаҷониба орзуҳоро амалӣ кардан муяссар мегардад. Инсон, ки соҳиби касбу кор шавад, метавонад рӯзгори шоиста ба сар барад.

Икром Холиқов пас аз хатми филиали омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳия ба касби омӯзгорӣ дар мактаби №12-и зодгоҳаш, деҳаи Дегайии ноҳияи Нуробод машғул шуд. Ӯ хуб медонист, ки дар синфҳои ибтидоӣ кор хеле душвор ва заҳматталаб аст. Агар бачаҳо дар ин синну сол дониш ҳосил накунанд, хондану навиштанро хуб ёд нагиранд, минбаъд ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Ӯ инро ба назар гирифта, ҳар як дарсро бо аёният, шавқовару ба фаҳмиши хонандагон наздик мегузаронд. Ин буд, ки зуд дар байни шогирдон маҳбубият пайдо кард.

Падари омӯзгори ҷавон Муҳаммадюсуф Холиқов аз интихоби касби писар хурсанд буд ва маслиҳат медод, ки барои дар кор ба муваффақият ноил гардидан, аввал шавқу завқу дониш лозим ва ҳамчунин, ҳисси баланди масъулият.

Воқеан, ӯ дар соҳаи маориф собиқадори шинохта аст. Аз муаллими одии физикаю математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, (воқеъ деҳаи Дегайӣ) то сарвари мактаб ва мушовири шуъбаи маориф расид. Дар ин соҳа хизматҳои арзанда ба ҷо овард ва қадрдониҳо дид. Ҳоло  давлати пирӣ меронад.

Падар боре ӯро гуфт:

-Таҳсилро бояд идома диҳӣ, медонӣ, ки дар мактаби деҳа муаллими  математика намерасад. Ин ба ояндаи бачаҳо бетаъсир намемонад. Хуб мешавад, ки таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ идома бахшӣ. Дар як вақт ҳам илм меомӯзию ҳам таҷриба.

Икром таҳсилро ғоибона  давом дода, соҳиби маълумоти олӣ гардид. Акнун омӯзгори ҷавон имконият пайдо кард, ки ба хонандагони синфҳои болоӣ низ таълиму тарбия диҳад.

Дар як муддати кӯтоҳ сафи дӯстдорони фанҳои математика ва алгебра афзуд. Натиҷаи ҳамин аст, ки шогирдонаш дар бисёр озмунҳои фаннии байни мактаббачагони ноҳия ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Як қисми онҳо алҳол дар донишгоҳҳо таҳсил карда истодаанд.

Боре муаллими забон ва адабиёти мактаб дар мавзӯи «Омӯзгори дӯстдоштаи ман» навиштани иншоро ташкил намуд.

Маълум гардид, ки аз бисту панҷ нафар шогирди як синф аксарашон бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат дар бораи муаллими худ Икром Холиқов сухан ронда, аз сахтгирӣ, масъулиятшиносӣ ва меҳрубониҳои ин омӯзгор  ҳарф задаанд.

-Мо бо чунин омӯзгорони ҷавону умедбахш ифтихор дорем,- мегӯяд  сарвари муассиса Амон Шарифов.

Шафоат Назаров,

ноҳияи Нуробод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш