21- уми ноябри соли 2013 рӯзи сахте ба сарамон омад. Модари азизамонро ба роҳи охират гуселондем.
Мо он вақт шахсони баркамол, таҷрибадору ҳаётдида будем, аммо ба ҳар ҳол дар назди модар худро кӯдак меҳисобидем ва эркагӣ мекардем.
Модарам Саломат Содиқова зани зебо, фарҳангдӯст, меҳрубон ва хушмуомила буданд. Ҳашт фарзандашонро дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия намуданд. Дар вақтҳои холӣ сурудҳои ватандӯстона замзама мекарданд, доира, рубоб, чанг менавохтанд.
Мегуфтанд, ки дар хонаи мардуми маҳаллӣ бояд ҳатман дутору доира вуҷуд дошта бошад. Ба кадом хонае меҳмон нашавед, дар девори хонааш рубобу дутор овехта шудааст, ки аз фарҳанги бойи қадимаи тоҷикон шаҳодат медиҳад.
Модарам солҳои 1939 - 1941 дар ҳайати дастаи рубобчизанон фаъолият намудаанд, ки ба он ҳофизи шинохта Акашариф Ҷӯраев роҳбарӣ мекарданд. Онҳо дар ҳамсоягии Акашариф Ҷӯраев зиндагонӣ доштанд ва ҳамроҳи Қандил Ҷӯраев дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Душанбе таҳсил менамуданд. Модарам сурудҳои ҳофизи шинохтаро доимо бо овози баланд мехонданд. Ин садоро Акашариф Ҷӯраев шунида, ба бобои Холмаҳмад, яъне, падари модарам муроҷиат карда, мегӯянд:
- Бобои Хол, духтарчаат Саломат овози хуб дорад, метавонад ба филармония ба кор ояд.
Бобои Холмаҳмад хурсанд шуда мегӯяд, ки вай ҳоло хурд аст, аз уҳдаи ҳофизӣ мебаромада бошад?
- Албатта, мебарояд, - мегӯяд, Акашариф Ҷӯраев. Бобои Холмаҳмад дар рӯ ба рӯи бинои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ нонпазхона доштанд ва бо нонҳои пухтаи худ дар байни мардуми маҳалла шуҳрат пайдо карда буданд. Баъдтар онҳо дар назди масҷиди Сари Осиёи шаҳри Душанбе ҳавлии васеътарро харидорӣ менамоянд. Ҳар рӯз ба ҳамаи кормандони филармония 200 гр нон ва як похса қанди сафед медодаанд, то ки онҳо ба кор шавқманд шаванд. Солҳои 1940-1941 соли вазнин буд, ҳамаи маҳсулоту маводи ғизоӣ ва либосворӣ ба ҷанговарон фиристонида мешуданд.
Соли 1941 «Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон» дар шаҳри Маскав баргузор гардид. Дар он шоирону нависандагон ва ҳофизон иштирок доштанд: С.Айнӣ М.Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Ғаффор Валаматзода, София Тӯйбоева, Барно Ахмедова, Лолахон Муҳаббатова, Саломат Содиқова, Зулайхо Раҳимова ва дигарон. Дар шаҳри Москваи Россия бо И.В.Сталин ҳамсуҳбат шудем, ки нисбат ба фарҳанг ва маданияти тоҷикон самимият ва муҳаббати зиёд доштанд.
Бо аввалин пионердухтари тоҷик Мамлакат Наҳангова вохӯрдем, ки ӯ дар 12- солагӣ дар пахтачинӣ ҷои аввалро гирифта, сазовори ордени Ленин гардида буд. Тайи солҳои зиёд дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба ҳайси омӯзгори калон ва мудири кафедраи факултаи забонҳои хориҷӣ фаъолият менамояд.
Соли 1941 Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сар шуд. Дар маҳаллаи Сари Осиёи шаҳри Душанбе воқеаи мудҳише рӯй дод. Ҳамаи мардонро барои ҳимояи Ватан даъват намуданд. Бародари модарам Содиқов Назрулло ихтиёран, дар 17 - солагӣ барои ҳимояи Ватан ба ҷабҳа меравад. Аз ҷанг барнамегардад.
Мактуби охирини ӯ соли 1943 навишта шуда буд. Аз мактуби навиштаи ӯ маълум гардид, ки танкчӣ буда, то шаҳри Краснодар расидааст. Аз ҷумла, мактубаш менавиштанд: «Модари меҳрубонам, хоҳарони азизам, Саломату Адолат шумоёнро беҳад дӯст медорам, дидоратон ба қиёмат. Пагоҳ ба ҷанг мебароем». Пас аз тамомшавии ҶДҶ хабарнома мегиранд, ки бе ному нишон гум шудааст. Солҳо сипарӣ мешуданд, аҳли оилаамон бовар доштанд ва интизор мешуданд, ки рӯзе аз рӯзҳо бародарашон Содиқов Назрулло меояд...
Сурайё Ҳомидова,
унвонҷӯи ПРМ АТТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр