Нашрияи Омӯзгор

 Зиндагии ибратомӯз

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 825        Шарҳ: 0

 

 Абдулазиз Қодиров пас аз хатми мактаби деҳа ба техникуми омӯзгорӣ дохил мешавад. Он солҳо таҳсил яксола буд. Соли 1938 ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ мекунад. Соли 1939 ӯро ба аскарӣ даъват мекунанд. Баъди машқҳои чандмоҳа аскаронро ба ҷанги зидди Финляндия мебаранд.

Соли 1941 Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сар мешавад. Абдулазиз Қодиров дар қатори садҳо ҷанговар дар шаҳрҳои Керч, Севастопол, Одесса ва Симферопол мардонавор бар зидди фашистони немис меҷангад. Барои он ки падару модар хавотир нашаванд, ба онҳо зуд-зуд мактуб менавишт ва аз саломатии худ хабар медод. Муҳорибаҳои ҷангӣ чунон пуршиддат буд, ки аскарон чандин рӯзу шаб аз хандақҳо баромада наметавонистанд. Онҳо рӯз то рӯз харобу лоғар мешуданд. Агар аз хандақ бароянд, самолёти немис онҳоро бомбаборон мекард. Тирандози номдор Қодиров се самолёти душманро зада меафтонад. Абдулазиз аз хандақ баромада, ҳуҷумро давом медиҳад. Ҳангоми ҷанг дар ноҳияи Камеланами Симферопол аз ду дасту як пояш захмӣ мешавад. Чанд вақт ӯ беҳуш хоб меравад. Ӯро мурда пиндошта гузашта мераванд. Ба хонаашон хати сиёҳ мефиристанд, ки фарзанди шумо се самолёти немисро тарконида, мардонавор ҳалок шуд…

Хабари марги ӯ дили модару падаррро садпора кард. Аҳли оила ба қароре омаданд, ки маросимҳои ҳафту чили Абдулазизро мегузаронанд.

…Чанд муддат ӯ беҳуш буд, як вақт аз садои омадани ароба ба худ меояд. Абдулазиз мебинад, ки дар бараш як ҷанговари ҷавони рус беҳуш хоб аст. Ҳис кард, ки ӯ ҳам зинда аст. Ин вақт як аробаи якаспа ба онҳо наздик мешавад. Абдулазиз «Ёрӣ диҳед»- гӯён фарёд мекунад. Аробакаш як марди руси фарбеҳи мӯйлабдор ба ёрии онҳо омад. Ҳардуяшонро ба ароба бор карда, саросемавор ба сӯи роҳи оҳан бурд. Ин вақт Қодиров аз аробакаш пурсид, ки моро ба куҷо мебарӣ? Ӯ ҷавоб дод, ки ман шуморо то назди поезд мебарам, пас ба ягон беморхона бурда табобататон мекунанд. Аробакаш онҳоро ба назди поезд бурд. Баробари ба назди роҳи оҳан расидан, поезд равон мешавад. Командир аробаи одамдорро дида зуд ба онҳо наздик мешавад. Ӯ лейтенант Н. Кож буда,  Абдулазизро мешиносад. Ин марди раҳмдил командири Абдулазиз буду дар рафти ҷанг аз ҳамдигар  ҷудо шуда буданд. Командир мепурсад, ки ту Андрей ҳастӣ? Абдулазиз ҷавоб медиҳад:

- Ҳа. Лейтенанти калон Абдулазизро ба оғӯш мегираду давон-давон оварда, ба вагони охирини поезд савор мекунад. Ҳангоми дар оғӯши командир будан Абдулазиз медид, ки ин марди рус барои зинда мондани ӯ чӣ қадар талош карда истодааст. Баъдтар дар беморхона дар ҳаққи ӯ дуои нек мекунад.

Дар вагон оҳу нолаи садҳо ярадор ба гӯш мерасид. Поезд беморонро ба Керч меорад.  Захмиёнро дар он ҷо се моҳ табобат мекунанд. Пас ба воситаи пароход ба шаҳри Сочи меоранд. Чунки дар Керч ярадорон хеле зиёд мешаванд. Дар ин ҷо ҳам се моҳ табобат мекунанд. Дасти рост ва пойи рости Абдулазизро гаҷбандӣ (гипс) мекунанд. Ӯро ба Боку меоранд. Баъди чанд вақт 12 вагон ярадорро чорвагонӣ ба се шаҳр тақсим мекунанд. Чор вагонро ба Тошканд, чор вагонро ба Ашқобод ва чор вагони дигарро ба Қаршӣ. Абдулазизро ба Қаршӣ оварданд. Дар беморхона як ҳамшираи тиббӣ беморонро хуб парасторӣ мекард. Абдулазиз сигор намекашид ва тамокуи ба ӯ медодагӣ ва собунро ба ин ҳамшираи шафқат медод. Ин зани рус ҳамсари як марди лётчик будаасту шавҳараш дар ҷанг фавтида.

Дар натиҷаи табобатҳои пайдарпай дасти рости Қодиров сиҳат мешавад. Гаҷбандиро мекушоянд. Ӯ фикр кард, ки дер боз ба хона нома нанавиштааст. Падару модарам хавотир шудагистанд, гӯён номаро бо мисраъҳои шеърӣ оғоз мекунад.

Ҳамон рӯз падараш бобои Қодир ва Саидалӣ аспакӣ ба Душанбе мераванд. Ҷойи табобати ярадорон меҳмонхонаю тарабхонаи Вахши ҳозира будааст. Падару писар баъд аз гузаштани чаҳор сол ба дидори ҳамдигар мерасанд. Баъди ду рӯз модараш Шамсия, амааш Мисқолой, додараш Қамариддин ва тағояш Донабой ба истгоҳи роҳи оҳани Чептура омада, ба поезд савор мешаванд ва ба Душанбе мераванд. Модар дид, ки писараш зиндаю саломат, ӯро ба оғӯш гирифта, ашки хурсандӣ рехт.

Баъди табобат гирифтану шифо ёфтан Абдулазиз ба деҳа баргашт ва касби омӯзгориашро давом дод. Баъди шаш моҳ боз даъватнома барои ҷанг рафтан омад. Ин вақт фармони И.В. Сталин баромада буд, ки омӯзгорон ба ҷанг нараванд, чунки дар ақибгоҳ муаллимон намерасиданд. Абдулазиз касби худ ва кӯдаконро бениҳоят дӯст медошт. Ин буд, ки соли 1957 факултаи географияро дар Донишгоҳи омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи  С.Айнӣ) ғоибона хатм намуд. Баъдан соли 1961 факултети таърихи ҳамин донишгоҳро ғоибона хатм кард. Соҳиби ду маълумоти олӣ гардида, 47 соли умри бобаракати худро сарфи донишомӯзии хонандагон кард. Дар давоми ин солҳо садҳо шогирд аз ӯ сабақ омӯхтанд.Соҳиби унвони «Аълочии маорифи ҶТ» мешавад. Соли 1989 ба нафақа мебарояд.

Ҳоло Абдулазиз Қодиров ба синни мубораки 100 расидааст. Дар маркази шаҳраки Шаҳринав бо фарзандону наберагон зиндагӣ мекунаду даври пирӣ меронад.

Ҳусейн Саидзода,

собиқ омӯзгори

мактаби №26,

ноҳияи Шаҳринав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш