Устод Айнӣ фаъолияти омӯзгории худро дар ду самт-таълим дар мактабҳои усули нав ва навиштани китобҳои дарсӣ барои ин мактабҳо идома додааст.
Дар Бухоро соли 1906 Абдураҳмон Саидӣ ном тотор нахустин мактаби нави тоториро таъсис медиҳад, ки устод Айнӣ барои бачаҳои тоҷики ин мактаб вазифаи тарҷумониро иҷро мекард. Вақте ки 8 ноябри соли 1908 Абдулвоҳиди Мунзим дар ҳавлии худ авввалин мактаби тоҷикиро мекушояд, фаъолияти омӯзгории Айнӣ боз ҳам густариш меёбад.
Айнӣ аз таҷрибае, ки дар мактабҳои А. Саидӣ, А. Мунзим ва А. Шакурӣ бардошта буд, истифода намуда, барои хонандагони мактабҳои нав се китоби дарсӣ: «Тартил-ул-Қуръон» (1909), «Заруриёти динийя» (1914) ва «Таҳзиб-ус-сибён» (1910, 1917)-ро менависад, ки аз нигоҳи илмӣ, забонӣ ва фарогирии маводи таълимию тарбиявӣ дар ҳамон асру замон пешқадамтарин ва ҷолибтарин буданд.
Ин ҷо манзури мо ғазали «Мактаб»-и устод Айнӣ аст, ки хонандагон ва омӯзгорон борҳо онро хондаву ҳатто баъзеҳо ҳифз ҳам кардаанд.
Ғазал аз 7 байт иборат буда, дар он устод аҳамияти илму донишро, ки барои инсон чун обу ҳаво зарур аст, тавсиф менамояд:
Аз файзи Яздон хон аст мактаб,
Бар лаъли ирфон кон аст мактаб.
Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,
Ҷисм аст инсон, ҷон аст мактаб.
Аз мактаб ояд, осоиши дил,
Марғуби дилҳо з-он аст мактаб.
Бемактабонро набвад ҳаёте,
Об аст мактаб, нон аст мактаб.
Саъд аст мактаб, хайр аст мактаб,
Изз аст мактаб, шон аст мактаб.
Дар чашми биниш пур аст дониш,
Дар ҷисми дониш ҷон аст мактаб.
Дар моҳии ҷон об аст ирфон
Дар мурғи ирфон дон аст мактаб.
Устод Айнӣ мактабро, ки ҷойи хондан, навиштан ва дарсгӯию дарсхонӣ аст, дар маркази андеша гузошта, маънои онро васеътар ва пурдоманатар ба қалам медиҳад. Мактаб аз нигоҳи устод ҷоест, ки инсон дар он соҳиби хирад ва шуур будани худро мефаҳмад ва онро рушд додаву мукаммал месозад. Айнӣ таъкид мекунад, ки шахси беилм чун ҷисми беҷон аст ва ба ҳама маълуму равшан аст, ки ҷисми беҷон қурбе надорад. Дар мисраъҳои баъдина Айнӣ ҳаёти бемактабонро ботил дониста, мактабро баробари обу нон меҳисобад. Поинтар саъд, хайр, изз, шон, биниш, дониш ва ирфонро-ҳама маҳсули мактаб медонад ва фикри худро тақвият мебахшад.
Бо навиштани ин шеър устод Айнӣ чанд ҳадафро пайгирӣ мекунад. Аввал, чун муаллими мактабҳои нав эҳтиром ва арҷи баланди худро нисбат ба мактаб нишон медиҳад. Сониян, барои инсонҳо мактабро гарави пешравӣ ва бузургӣ медонад. Чизи аз ҳама асосӣ нақши мактабро дар ҳаёти миллат хотирнишон мекунад. Инсони бодониш ҳама вақт дар меҳвари ҷамъият будаву қадру манзалати баланд дорад, ки инро ҳаёт борҳо исбот кардааст. Инсони бедониш дар ҳамаи давру замонҳо мазлум, сархам, беҳуқуқ… буду мемонад.
Ҳаминро ҳам бояд дар назар гирем, ки ғазал дар он солҳое эҷод шуд, ки замона ноором буд ва давлати амирони манғитӣ фишорро болои маорифпарварон ва тарафдорони мактабҳои нав хеле пурзӯр карда, аз ҳар роҳу восита истифода мебурданд, то ки мардумро дар ҷаҳолат, бесаводӣ ва гумроҳӣ нигоҳ доранд. Устод Айнӣ мардумро ба сӯи мактаб даъват карда, онро барои инсонҳо мояи саодат ва хушбахтиҳо медонист.
Ҳасан Алимзода,
ноҳияи Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр