Нашрияи Омӯзгор

Табибони ғамхорро танҳо намегузорем!

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Чанде пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табибоне, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати беморони аз COVID-19 сироятёфта иштирок меварзанд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ ҷудо намуданд. Ҳамзамон, Сарвари давлат маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузарониданд.

Дар ҳамовозӣ ба ин иқдоми Пешвои миллат кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табибоне, ки шабонарӯзӣ ба хотири беҳдошти солимии ҷомеа дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе заҳмат мекашанд, кумак расонида истодаанд. Ҳамчунин, аз ҳисоби музди маоши ҳайати устодон ва кормандони академия (ба маблағи беш аз 20 ҳазор сомонӣ) хилъатҳои тиббии муҳофизатӣ ва маводи ғизоӣ харидорӣ ва ба табибони беморхонаҳои табобатии навбунёди пойтахт дастрас гардонида шуд. Ректори муассиса Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки кормандон ва устодони академия ҳама вақт аз ғамхориҳои шифокорон миннатдор ҳастанд ва ин иқдомҳо ба хотири рӯҳбаланд кардани табибони кишвар сурат мегиранд.

Бояд гуфт, ки то имрӯз аз ҷониби академия 5 ҳазор дона ниқоб ва варақаҳои таблиғотӣ дар доираи ташаббуси “Хона ба хона” ройгон тақсим карда шуд. Инчунин, 5 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус  равона гардид. Раёсати академия тасмим гирифтааст, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳонаро дар оянда низ амалӣ намояд.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш