Нашрияи Омӯзгор

Бунёди ҷомеа

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ  сарчашма гирифтааст.

Зеро оила, чи аз нигоҳи қонун ва чи аз назари маърифати исломӣ, воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзанд аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад.

Мутафаккири Шарқ Муҳаммад Ғазолӣ дар «Насиҳат-ул-мулук» овардааст: «Падару модар ба мисли сарчашмаи обе мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад шуд».

Дар хотир бояд дошт, ки фарзандони имрӯзаи мо волидони оянда хоҳанд шуд. Ташкили муҳити маърифатӣ дар оила ва дар шароити он тарбия гирифтани фарзандон боиси васеъ шудани ҷаҳонбинии фарҳангию маърифатии онҳо мегардад, ки ин ҳама василаи расидан ба худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.

Барои падару модар касбу ҳунар ва одоби ҳамидаи фарзанд мояи ифтихор аст, ҳамин гуна тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ ва фаъолияти ибратомӯзи падару модар ҳам барои фарзанд ифтихор мебошад.

Волидон бобати маълумотноку соҳибкасб гардидани фарзандон шароити зарурӣ ба вуҷуд оварда, барои интихоб ва тайёр шудани онҳо ба касбу ихтисоси писандидаашон бояд мусоидат намоянд.

Абӯалӣ ибни Сино асари худ «Тадбири манзил» - ро ба масъалаҳои оилавӣ бахшида, андешаҳояшро дар бобати тарбияи фарзанд баён намуда,  менависад: «Ҳуқуқи фарзанд дар зиммаи падарӣ ин аст, ки вайро номи наку бимонад ва кӯдакро аз корҳои ношоям ҳифз намояд, фарзандашро хуб донад ва омӯзад, ки воситаи ягонаи омӯзиши фарзанд ин мушоҳида мебошад».

Тарбияи фарзанд вазифаи асосии ҷомеа маҳсуб меёбад. Агар маърифати ҷомеа созгор ва муҳит солим бошад, раванди тарбия самаранок шакл мегирад. Тарбияи оилавӣ кори муҳим буда, аз волидайн ҷиддият ва масъулияти бузургро талаб мекунад. Вазифаи падару модар, ки дар тарбияи фарзанд баробар масъуланд, ба воя расонидани фарзандони дорои ахлоқи наку ва ба ҷомеа нафърасон мебошад.

Фарзанд тавре бояд тарбия ёбад, ки нахуст дорои адабу хулқи неку ва фаросати баланди инсонӣ бошад. Баъдан, вай меҳру иштиёқи зиёд ба мутолиа дошта, пурхонда ва соҳибфазилат ба камол расад. Инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ бештар хусусияти маънавӣ доранд ва он дар тафаккури инсон дар давоми ҳаёташ муттасил ташаккул меёбад. Дар раванди ташаккул додани чунин тафаккур таъсири муҳит низ нақши асосӣ мебозад.

 

Таҳмина Нусайриева,

омӯзгори мактаби

№19-и ноҳияи  Шуғнон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш