Нашрияи Омӯзгор

Садоқат ба арзишҳои  миллӣ

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Зани тоҷикро бо либосҳои зебою шинамаш дар тамоми ҷаҳон мешиносанд. Бонувони мо аз қадим либосҳои атласу адрас ва чаканро ба бар мекарданд, ки ба ҳусни онҳо ҳусн зам мекард. Мутаассифона, имрӯзҳо ҷойи либосҳои шинаму зебои моро либосҳои бегона гирифта, духтари тоҷикро аз аврупоӣ фарқ кардан бисёр душвор шудааст. Аз чӣ сабаб бошад, ки бархе занону духтарони тоҷик ин муқаддасоти миллатро қадр намекунанд ва арзишҳои миллиро ба эътибор намегиранд. Агар дар кӯчаҳои шаҳр як нафар зани тоҷик либоси миллӣ дошта бошад, дар тани даҳҳо нафари дигар либосҳои бегона дида мешавад, ки ин аз коста шудани эҳтироми либоси миллӣ дарак медиҳад. Ҳама он духтароне, ки имрӯз чунин рафтор мекунанд, дар оянда модар мешаванд ва фарзандони онҳо низ аз модар ибрат мегиранду аз фарҳанги либоси миллии мо чизе намемонад. Ояндаи кишвари мо аз ҷавонон вобаста аст. Агар ҷавондухтарони тоҷик бофарҳангу маърифат бошанд, оилаи солим ва насли ботарбия ба воя расонанд, Тоҷикистони мо боз ҳам зеботару ободтар мегардад. 

Гуфтаи бузургон низ бисёр барҳақ аст: «Агар давлатеро нест кардан хоҳед, сараввал фарҳанги миллиашро аз байн баред, баъдан давлатро осон ба даст меоред». Дар чунин шароити ҳассоси ҷаҳонишавии фарҳангҳо мо бояд барои аз даст надодани фарҳанги миллати хеш, ба монанди гузаштагонамон ҷоннисорӣ кунем, на ин ки фарҳанги пурқимати миллатро бо дасти хеш аз байн барем, баръакс, кӯшиш намоем, ки онро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ созем. 

 

Идимоҳ ИМАТШОЕВА,

омӯзгори мактаби №35-и

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш