Нашрияи Омӯзгор

Норасоии китобҳои дарсӣ

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 837        Шарҳ: 0

 

- Норасоии китобҳои дарсӣ ва кам будани китобҳои бадеӣ яке аз мушкилоти соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Дар ноҳияи Носири Хусрав низ норасоии китобҳои дарсӣ ба мушоҳида мерасад, - гуфт К.Очилдиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳия.

Барои синфҳои 1–ум 2300 адад китоби дарсӣ намерасад. Хусусан, теъдоди китобҳои алифбо, забони модарӣ, математика, табиатшиносӣ, санъат ва меҳнат, суруд ва мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ нокифоя аст. Ҳамчунин, 1400 нусха китоб барои синфи 2-юм, барои синфи 3 – юм бошад, 1800 нусха, барои синфи 4 1800 нусха, барои синфи 5 – ум 2550 нусха, барои синфи 6 –ум 2720 нусха, барои синфи 7–ум 1850 нусха китоб лозим аст.

Ба ин монанд, дар синфҳои болоӣ низ норасоии китобҳо мавҷуд аст. Масалан, барои синфи 8 –ум 2400, барои синфи 9–ум 2250 нусха, синфи 10 –ум 950 нусха ва барои синфи 11 –ум 1000 нусха норасоии китобҳои дарсӣ дар синфҳои болоӣ бештар норасоии китобҳои адабиёт, ҳуқуқи инсон, алгебра ва физика (200 ададӣ) ба мушоҳида мерасад.

С.АЗИЗӢ,

 «Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш