Нашрияи Омӯзгор

Аҳамияти баргузории озмунҳо

Сана: 2020-05-13        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

- Бо мақсади баланд бардоштани донишу маҳорати кӯдакону наврасон миёни тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳри Левакант моҳи апрели соли ҷорӣ озмуни “Расми беҳтарин” дар мавзӯи “Модари меҳрубони ман” гузаронида шуд, - гуфт  Сайбӣ Абдуллоева, мутахассиси бахши маорифи шаҳри Левакант. – Тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии №1,2,3 дар озмун фаъолона иштирок карданд. Яке аз ҳадафҳои дигари озмун ин тарбият намудани кӯдакон дар рӯҳияи зебоипарастӣ, муҳаббати баланд нисбат ба модар, инкишофи фаъолияти эҷодии онҳоро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, давоми соли 2020  зиёда аз 5 озмун бо иштироки тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр гузаронида шуд.

С.АЗИЗӢ,

 «Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш